Душанбе. 18-уми июл. «Азия-Плюс» — | Дар семинари созмондодашуда аз ҷониби корхонаи алюминии тоҷик «ТАЛКО» таҳти унвони «Нақши илм дар саноати Тоҷикистон» масоили гузаштани истеҳсолоти металлургӣ ба истифодаи ашёи хоми маҳаллӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар кори семинар ба сифати коршиносон мутахасиссони муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи металлургия»-и ҷумҳурӣ ширкат варзида, роҷеъ ба ин масъала андешаҳои худро иброз доштанд. Муовини директори пажӯҳишгоҳ оид корҳои илмӣ Бозоралӣ Азизов қайд кард, ки «яке аз вазифаҳои асосӣ – гирифтани таркибҳои фоиданок аз «кӯҳи сиёҳ» ва майдонҳои таҳшини электролизи баъзе металлҳо (шлам) аст, ки миқдори зиёди нигаҳдории чунин партовҳо (ҳудуди 200 ҳазор тонна) хатари экологӣ дорад ва аз ин рӯ, пажӯҳишгоҳ пеш аз ҳама ба масъалаи коркарди ин таҳшинҳо машғул аст».
Директори пажӯҳишгоҳ, доктори уулуми кимиё Ҳайдар Сафиев дар робита ба ин масъала гуфт, истифодаи партовҳои саноатӣ ба сифати ашёи хом барои истеҳсоли алюминий аз нигоҳи иқтисодӣ манфиатовар аст ва агар аз 200 ҳазор тонна таҳшинҳои электролизӣ 60% консентрати криолитии гилхокӣ ҳосил гардад, миллионҳо доллар сарфа гардида, гузашта аз ин, минбаъд майдони зиёди нигаҳдории партовҳо озод карда мешавад. «Замоне мо муайян кардем, ки дар «кӯҳи сиёҳ» 1,5 млн. тонна партовҳо ҷамъоварӣ шудаанд ва агар аз он аққалан консентрати дорои криолити гилхокиаш истифода шавад, метавон ба маблағи 482 млн. в.ш. маҳсулот ба даст овард», – иброз дошт ӯ.
Айни замон дар доираи амалисозии лоиҳа партовҳо дар се навъи оташдонҳо сӯзонида мешаванд ва минбаъд зимни беҳбуди ин раванд, барои истеҳсоли консентрати криолитии гилхокӣ як оташдон амал хоҳад кард.
Зимни таҳқиқот олимон ҳамчунин тарзи хокистарранги кислотавии ҷудошавии партовҳоро низ коркарду таҳия намуданд, ки дар ҷараёни он метавон ба истеҳсоли кислотаи плавикӣ ноил гардид. Кислотаи плавикӣ ашёи хоми асосии истеҳсоли криолит аст. «Ҳамин тариқ, партовҳои корхонаи алюминӣ дар муддати 5-10 сол корхонаи истеҳсоли криолитро, ки дар ноҳияи Ёвон сохта мешавад, бо ашёи хоми маҳаллӣ таъмин карда метавонанд, вале ин лоиҳа то ҳанӯз дар чаҳорчӯби озмоишҳои санҷишии саноатӣ қарор дорад», – афзуд Б.Азизов.