Душанбе. 19-уми июл. «Азия-Плюс» — | Ширкатҳои қазоқӣ пас аз ширкат дар ҳамоиши тиҷоратӣ дар Душанбе моҳи июни соли ҷорӣ ният доранд, ки ба маблағи беш аз 13 млн. $ шартномаҳои содиротӣ ба имзо расонанд, – хабар медиҳад хадамоти матбуоти Агентии миллӣ оид ба содирот ва сармоягузории «KAZNEX INVEST».
«Ин ҷо сухан сари ба Тоҷикистон ворид сохтани трансформаторҳо, аккумулятор, омехтаҳои хушки сохтмонӣ, маснӯъоти лаку ранг, доруворӣ, маҳсулоти коғазӣ, майонез, равған, гӯшти мурғ ва маҳсулоти қаннодии истеҳсоли Қазоқистон меравад», – зикр мегардад дар хабари «KAZNEX INVEST».
Бино ба иттилои агентӣ, қисмате аз шартномаҳо зимни ҳамоиши тиҷоратӣ ба имзо расида буданд. ҶС «Рза» (вилояти Қилилорда) бобати ба Тоҷикистон ворид сохтани биринҷ, ҶШММ «Барис 2007» дар хусуси таъмин бо маснӯъоти макаронӣ ва ҶШММ «ZHERSU POWER» (вилояти Алмаато) дар бораи таъминоти ҷониби Тоҷикистон бо аккумуляторҳо ба мувовиқа расиданд. Ҳаҷми умумии ин шартномаҳо 5,5 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.