Душанбе. 19-уми июл. «Азия-Плюс» — | Ахири ҳафтаи сипаришуда дар ҳайати мақомоти раҳбарии ширкати ҳавопаймоии «Ист Эйр» тағйирот ба вуқӯъ пайваст. Мансаби иҷрокунандаи вазифаи директори ҶСП «Ист Эйр» Владимир Куимовро Фирдавс Мухторов ишғол намуд. Ин таъиноти нав боиси норозигии роҳбари пешин гардид.
Ба гуфтаи В. Куимов, ки бинобар вазъи нохуби саломатиаш муддати чанде дар хориҷи кишвар аст, мақомоти раҳбарии фурудгоҳи Душанбе ба дафтари кории ширкати «Ист Эйр» бидуни огаҳии директори генералии он ворид гардида, ӯро аз мансаб сабукдӯш ва Фирдавс Мухторовро раҳбари ширкат таъин кардааст. «Ин ғасби рейдерӣ аст. Айни замон мо ба ширкат адвокатҳои худро фиристодем, то ки аз ҳуқуқҳоямон дифоъ кунанд», – изҳор кард ба ОИ «Азия-Плюс» Куимов.
Дар навбати худ, раҳбари тозатаъини ширкат Фирдавс Мухторов мегӯяд, ин ҷо ҳеҷ ғасби рейдерӣ ҷой надошта, мутобиқи моддаи 54-и Кодекси ҳавопаймоии Тоҷикистон танҳо шаҳрванди Тоҷикистон роҳбари ширкати ҳавопаймоӣ буда метавонад. «Владимир Куимов шаҳрванди Тоҷикистон нест ва дар муддати се сол ба ҳайси иҷрокунандаи вазифаи директори ширкати ҳавопаймоии «Ист Эйр» ифои вазифа мекард. Иштирокчие, ки молики 51 дарсади саҳмияи ширкат аст, тасмим гирифт, ки маро директори ширкат таъин намояд», – гуфт Ф.Мухторов.
Ба қавли Мухторов, дарвоқеъ он замон Владимир Куимов ҳузур надошт ва расман ваколатҳои иҷрокунандаи вазифаи директори генералии ширкатро ба Станислав Янчук супурда буд, ки дар ҳузури ӯ маросими таъини директори нави ширкат доир гардид. «Он ҷо ҳамчунин ноиби президенти ширкат – молики ҳавопаймоҳои «Исток Авиа FZE» Пётр Иванник низ ҳузур дошт», – афзуд номбурда.
Дар ҳамин ҳол, дар робита ба қазияи мазкур моликони ҳавопаймоҳо парвози ҳавопаймо бо хатсайрҳои самти Кӯлоб-Маскав ва Кӯлоб-Санкт-Петербургро боздоштанд. Парвози ҳавопаймоҳо бо ин хатсаййрҳоро ширкати «Ист-Эйр» анҷом медиҳад. Парвози ҳавопаймо ба Ню-Дели (Ҳиндустон) дар таърихи 19-уми июл низ то ҳол норӯшан аст.
Ширкати ҳавопаймоии «Ист-Эйр» моҳи сентябри соли 2007 ба фаъолият шурӯъ карда, парвози ҳавопаймоҳо аз Тоҷикистон ба шаҳрҳои Маскав, Санкт-Петербург ва Ню-Делиро анҷом медиҳад. Барои таъмини парвози ҳавопаймоҳо ширкати «Ист Эйр» дар асоси лизинг ҳавопаймоҳои ширкати «Исток Авиа FZE»-ро истифода мекунад.