Кӯлоб. 25-уми июл. «Азия-Плюс» — | Дар зарфи шаш моҳи соли равон дар ноҳияи Шӯроободи вилояти Хатлон дар ҳаҷми 8 млн. 667,6 ҳазор сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 354,9 ҳазор сомонӣ бештар аст.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз мақомоти маҳаллии иҷроияи ҳокимияти давлатӣ хабар доданд, дар ин давра 22,1 тонна равғани рустанӣ, 3371 тонна орд ва 64 тонна нон ва маҳсулоти нонӣ истеҳсол гардид, ки дар ноҳия ба чунин нишондиҳандаҳо бори нахуст ноил шуданд. «Мутаносибан музди миёнаи коргарон низ аз 230 сомонии соли гузашта то 235 сомонӣ боло рафта, он саривақт пардохт шуд», – гуфт сарчашма.
Ба иттилои манбаъ, ин нишондиҳандаҳо беҳтар мебуданд, агар дар ягона корхонаи истеҳсолоти саноатӣ – КВД «Кони ангишт» истеҳсоли ангиштсанг қатъ намешуд. «Ҳарчанд ширкати хусусии «Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ»-и Кӯлоб ба он ҷо техникаи пуриқтидор оварда бошад ҳам, айни замон ба он таваҷҷӯҳи зарурӣ зоҳир намесозад», – изҳор кард манбаъ.
Зикр гардид, ки дар ин корхона камбуди мутахассисон низ ба чашм расида, айни замон дар он ҳамагӣ якчанд нафар машғули кор буда, миёни онҳо қариб ягон мутахассис нест.
Қобили зикр аст, ки захираҳои кашфшудаи ангиштсанг дар «Кони аништ» 88 ҳазор тонна ва захираҳои пешбинишаванда 1 млн. 900 ҳазор тоннаро ташкил медиҳанд.