spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Таҳкими раванди рушди соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон

Душанбе. 25-уми июл. «Азия-Плюс» — Дар нишасте дар Душанбе миёни тавлидгарони маҳсулоти нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон, намояндагони корхонаҳои содиротӣ, ниҳодҳои давлатӣ ва ширкатҳои ироагари хадамот табодули таҷрибаву дониш ва мушкилоти корхонаҳо дар мавриди мудирияти сифат ва истеҳсолот сурат гирифт.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» Абдулфаттоҳ Шафиев, Мушовири миллӣ дар масоили тамос бо ҷомеаи Лоиҳаи «Пешбурди тиҷорат дар Тоҷикистон», хавбар дод, нишасти мазкур оид ба мудирияти сифат ва истеҳсолот ҷиҳати таҳкими рушди соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагии кишвар, имрӯз, 25-уми июли соли 2011, дар чаҳорчӯби барномаи “Пешбурди тиҷорат дар Тоҷикистон” ва бо пуштибонии молии Идораи давлатии Швейтсария дар умури иқтисод (СЕКО) баргузор шуд.

Доктор Раҷеш Бҳеда, мушовири байнулмилалии Маркази байнулмилалии тиҷорат (МБТ), ки гардонандаи ин нишаст буд, гуфт, ҳадаф ҷамъоварии корхонаҳои нассоҷиву дӯзандагии ҳамкори барномаи МБТ ва фароҳам овардани имкони омӯзиши таҷрибаи ҳам ва таҳияи иқдомоти баъдӣ барои рушд буд.

Иштирокдорони чорабинии имрӯз ҳамчунин имкон доштанд, то бо роҳҳои боло бурдани сифати рақобатпазири маҳсулот ва василаҳои ошкор сохтан ва бартараф намудани нуқсу иллатҳо дар раванди истеҳсолот шинос шаванд. Раванди истеҳсол ва замони лозимаи бартараф намудани нуқсҳо бо иҷрои нақшбозие шарҳ дода шуд.

Баҳодур Маҳкамов, муовини мудири корхонаи “Нафиса”, мегӯяд, чунин давраҳои омӯзишӣ барои боло бурдани муассирияти истеҳсолот нақши бузург мебозанд. Ҷаноби Маҳкамов бар ин бовар аст, ки сифати беҳтар ва истеҳсоли бештар шарти муҳимми муваффаҳият дар бозорҳои дохилӣ ва беруна мебошад.

Бисёре аз корхонаҳои нассоҷиву дӯзандагии Тоҷикистон, ки ҳамкори барномаи МБТ мебошанд, дар муддати 18 моҳ пас аз оғози иҷрои тавсияҳои доктор Бҳеда тавлиди маҳсулотро аз 10% то ба 25% боло бурданд. Доктор Бҳеда мутахассиси дараҷаи олии мудирияти сифат ва рушди истеҳсолот буда, бо МБТ таҷрибаи тӯлонии ҳамкорӣ дорад. Ӯ муассиси ширкати Rajesh Bheda Consulting (rajeshbheda.com) буда, ширкатҳои бузурги ҷаҳонӣ ва ниҳодҳои давлатии марбута дар чандин кишварҳои олам аз тавсияву машваратҳои ӯ истифода мебаранд. Дар ҷараёни ин сафари кории худ ба Тоҷикистон доктор Бҳеда ҳамчунин аз корхонаҳои нассоҷӣ ва дӯзандагӣ дар Душанбеву Хуҷанд дидан хоҳад кард.

Ҳадафи умумии Барномаи «Пешбурди тиҷорат дар Тоҷикистон» дастгирӣ намудани рушди устувор ва гуногунсози (диверсификатсия)-и содироти корхонаҳои Тоҷикистон тавассути боло бурдани рақобатпазирии маҳсулоти саноати нассоҷӣ ва дӯзандагӣ дар кишвар ва беҳтар кардани зерсохтори идораи сифат мебошад. Ин тарҳ аз ҷониби Ҳукумати Швейтсария тавассути Идораи давлатии он кишвар дар умури иқтисод (СЕКО) маблағгузорӣ мешавад.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...