Хуҷанд. 29-уми июл. «Азия-Плюс» — | Аз 24 то 29-уми июли соли равон сафари 100 нафар соҳибкорону тоҷирони Чин ба минтақаи озоди иқтисодии Суғд баргузор шуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз мақомоти раҳбарии минтақаи озоди иқтисодии Суғд хабар доданд, ба ҳайат намояндагони корхонаҳои саноатӣ, ки дар бахши фаъолияти сармоягузорӣ ба амволи ғайриманқул, тиҷорат ва сайёҳӣ машғуланд ва ҳамчунин омӯзгорони донишкадаҳои тиҷорату маркетинги як қатор шаҳрҳои Чин шомил буданд.
Ба иттилои манбаъ, ин сафар аз ҷониби ширкати «Guizhou Fenggang Life Industry Investment Management Co.Ltd» бо дастгирии вазорати савдои Чин созмон дода шудааст. Раиси Шӯрои мудирони ширкат Ҷианг Юу Ксианг сарварии ҳайатро бар дӯш дошт.
Ҳадаф аз сафар роҳандозии ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ миёни кишарҳо ва баррасии имкони ифтитоҳи корхонаҳо дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд аст.
«Мақомоти давлатии Чин пешниҳоди мо ҷиҳати кушодани корхонаҳои саноатии Чин дар минтақаи Суғдро дастгиркарданд. Ба туфайли мусоидати Вазорати савдои Чин мо аллакай бо ду ширкати бузурги кишварамон гуфтушуниди муваффақона доир сохтем ва акнун онҳо фаъолияти сармоягузории худ дар минтақаи озоди иқтисодии Суғдро тарҳрезӣ мекунанд. Ширкати мо бобати роҳандозии фаъолияти як қатор навъҳои истеҳсолоти муосир дар ин минтақа нақшаҳои дақиқ тарҳрезӣ кардааст», – гуфт Ҷианг Юу Ксианг.