Душанбе. 3-юми август. «Азия-Плюс» — | Дар моҳи шарифи Рамазон ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» қимати чиптаҳои парвоз ба хатсайри ҳавоии Душанбе-Хуҷанд ва Хуҷанд-Душнберо ба андозаи 20% коҳиш медиҳад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти ширкат хабар доданд, дар давраи аз 5-уми август то 10-уми сентябри соли равон қимати чипта ба ин хатсайр аз 65 доллари ИМА то ба 52 доллари ИМА поин рафт.
Парвозҳо дар ин хатсайр бо ҳавопаймои барои мусофирон бароҳати «Боинг-737» анҷом дода мешаванд.
Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти ширкати ҳавопаймоии мазкур, ба наздикӣ ширкати «Сомон Эйр» хатсайри ҳавоии нав ба самти шаҳри Бишкекро ифтитоҳ месозад, ки нархи роҳкирои он 110 Евроро ташкил хоҳад дод.
Айни замон Ширкати «Сомон Эйр» парвози ҳавопаймоҳо аз шаҳри Душанбе ба шаҳрҳои Франкфурти Майн (Олмон), Дубай (АМА), Истамбул (Туркия), Урумчӣ (Чин), Ҷидда (Арабистони Саъудӣ), Симферопол (Украина), Маскав, Санкт-Петербург, Оренбург, Красноярск (Русия), Алмаато (Қазоқистон) ва аз шаҳри Хуҷанд ба шаҳрҳои Санкт-Петрбург, Красноярск, Ханти-Мансийск, Новосибирск, Екатеринбург, Иркутск ва Нижневартовск (Русия)-ро ба анҷом мерасонад.