spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Ҳафтаи ахир нархи маводи ғизойӣ ба ҳисоби миёна 5-10% боло рафт

Душанбе. 4-уми август. «Азия-Плюс» — | Дар Тоҷикистон болоравии нархи маводи ғизойӣ ба мушоҳида мерасад.

Бино ба маълумоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ, тайи ҳафтаи ахир нархи маҳсулоти ғизойӣ ба андозаи 5-10% боло рафтааст. Дар вазорат сабаби инро ба афзоиши боҷи содиротии Русия ба маводи сӯзишворӣ, афзоиши қурби сомонӣ ба доллари ИМА ва ҷой доштани тақаллубкорӣ дар бозорҳои Тоҷикистон марбут медонанд.

Дар Вазорати мазкур мегӯянд, агар нисбати дар як сатҳ нигоҳ доштани нархҳо чораҳои маҷбурӣ андешида шавад, он ба афзоиши шадиди нарх ва камбуди маҳсулот боис мегардад.

«Албатта, ҳангоме ки бозор худро танзим карда наметавонад, давлатро мебояд ба он мудохила намуд, вале на тариқи дар як сатҳ нигоҳ доштан нарх, балки бо роҳи ба бозор ворид кардани маҳслот ва ба гунаи мисол, ташкили ярмаркаҳои фурӯш, вале ин натиҷаи муваққатист», – гуфтанд дар вазорат.

Дар Вазорати мазкур бар ин назаранд, ки дар бахши иқтисои Тоҷикистон мебояд ислоҳоти густарда гузаронид ва низоми андозу қарзро танзим мебояд кард. «Ҳангоме ки соҳибкор миқдори зиёди андоз пардохт мекунад, ба ҳалли мушкили болоравии нархҳо  муваффақ наметавон шуд. Имрӯз соҳибкор беш аз 80%-и даромади худро ба мақомоти андоз медиҳад ва мутаносибан таваҷҷӯҳи таъсиси корхонаи нав ё тиҷорати дигар батамом аз байн меравад», – гуфтанд дар вазорат.

Дар ҳамин ҳол, мутобиқи мониторинги доирнамудаи кормандони Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ, аз моҳи июли соли гузашта то ба имрӯз арзиши гӯшт ба андозаи 30%, равғани рустанӣ – 56%, шакар – 59%, чой – 60% ва бензин – 45% афзудааст. Дар ин давра нархи орди истеҳсоли ватанӣ ба миқдори 36% ва орди истеҳсоли Қазоқистон ба андозаи 30% зиёд шудаанд.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...