Душанбе. 8-уми август. «Азия-Плюс» — | Дар Душанбе мулоқоти вазири нақлиёти Тоҷикистон Низом Ҳакимов бо вазири коммуникатсияи Покистон доктор Арбоб Оламгир Хон, ки шоми 7-уми август ба Тоҷикистон ташриф овард, баргузор шуд.
Дар гуфтушунид ба масоили роҳандозии ҳамкориҳо дар бахши рушди зербинои нақлиётии Тоҷикистон дар чаҳорчӯби вазифаи стратегии ҳукумати ҷумҳурӣ оид ба раҳоӣ ёфтан аз бунбасти коммуникатсионӣ тавачҷӯҳи хосса зоҳир гардид.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори раёсат оид ба ҳамкории байнулмилалии Вазорати нақлиёти кишвар Фарида Ёқубзода хабар дод, дар вохӯрӣ ҳамчунин масъалаи сохтмони роҳи автомобилгард ба Покистон тавассути қаламрави Афғонистон баррасӣ шуда, вазири коммуникатсияи Покистон дар робита ба ин масъала изҳор кардааст, ки дар кишвараш корҳои асосноккунии техникиву иқтисодии лоиҳаи мазкур қариб ба андозаи 70% ба иҷро расидаанд.
Ба гуфтаи ӯ, ҷонибҳо бобати ҳамеша дар робита будан оид ба масъалаи назорати ҷараёни иҷрои созишномаҳои қаблии байниҳукуматӣ дар бахши нақлиёт ба мувофиқа расидаанд.
Дар ҷараёни сафар, ки то 10-уми август идома меёбад, вохӯриҳои Арбоб Оламгир Хон бо нахуствазири кишвар Оқил Оқилов ва вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Ҳамрохон Зарифӣ дар назар аст.