Душанбе. 9-уми август. «Азия-Плюс» — | Кишоварзони тоҷик дар майдони аз зироати ғалладона, сабзавот ва полезиҳо озодшуда нақшаи кишти такрориро ба андозаи 116% ба иҷро расониданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати рустанипарварии Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ хабар доданд, то ба имрӯз дар ҳолати ба ҳудуди 70 ҳазор гектар баробар будани нақшаи кишти такрорӣ, деҳқонони ҷумҳурӣ дар майдони умуми 81 ҳазору 624 гектар кишти такрориро ба анҷом расонидаанд.
Аз майдони умумии кишти такрорӣ дар майдони 39 ҳазору 123 гектар зироати ғалладона, 8,8 ҳазор – сабзавот, 2,6 ҳазор – зироати полезӣ, 2,7 ҳазор – зироати техникӣ, 27,7 ҳазор – хӯроки чорво ва 64,5 ҳазор гектар картошка такроран кишт шудааст.
Бино ба иттилои манбаъ, дар вилояти Суғд нақшаи кишти такрорӣ ба андозаи 102%, вилояти Хатлон – 115% ва ноҳияҳои тобеи марказ – 149% иҷро шудааст.