Душанбе. 12-уми август. «Азия-Плюс» — | Деҳқонони минтақаи Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон ба ҷамоварии оммавии ҳосили пахта шурӯъ намуданд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» директори Пажӯҳишгоҳи зироаткории Академияи улуми кишоварзӣ, доктори илмҳо Саидҷамол Саидов хабар дод.
Ба гуфтаи вай, дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ низ кишоварзони ноҳияи Конибодом ба ғунучини ҳосили пахта оғоз кардаанд.
«Ҷамъоварии пахтаи маҳиннах дар ноҳияҳои минтақаи Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон аввали ҳафтаи оянда шурӯъ мегардад», – мегӯяд ӯ.
Ӯ ҳамчунин зикр кард, ки сабаби ба муддати 10-15 рӯз пеш аз мӯҳлат оғоз гардидани мавсими ҷамъоварии ҳосили пахта дар хушк омадани фасли баҳор ва ҳарорати баланд дар фасли тобистон аст.
Тибқи пешгӯйиҳои олимон, деҳқонони водии Ҳисор пас аз 1-уми сентябр ва кишоварзони минтақаи шимоли кишвар пас аз 10-уми сентябр ба ҷамъоварии оммавии ҳосили пахта шурӯъ мекунанд.
«Мувофиқи пешбиниҳо, соли равон дар Тоҷикистон метавон на камтар аз 500 ҳазор тонна ҳосили пахта ҷамъоварӣ намуд, ки ҳосили рекордӣ дар замони истиқлолият мебошад», – изҳор кард олим.
Директори пажӯҳишгоҳ ҳамчунин гуфт, тибқи ҳисобҳо, соли равон ҳосили пахтаи маҳиннах ба зиёда аз 15 ҳазор тонна расида, ҳосили пахта ба ҳисоби миёна дар минтақаи шимоли кишвар 24-25 сентнер, дар минтақаи ҷануб – 25-26 ва водии Ҳисор беш аз 27 сентнер аз як гектарро ташкил хоҳад дод.
«Ҳамин тариқ, ба ҳисоби миёна дар саросари кишвар ҳосилнокии пахта дар сатҳи 26 сентнер аз як гектар пешбинӣ мегардад», – афзуд Саидов.
Ёдрас мекунем, ки соли равон дар Тоҷикистон дар майдони 203 ҳазор гектар пунбадона кишт шудааст. Соли гузашта пунбадона дар майдони 160,4 ҳазор гектар кишт шуда, 310 ҳосил ба даст оварда шуд. Қобили зикр аст, ки соли равон дар бозорҳои ҷаҳонӣ қимати пахта то ба 5 ҳазор доллари ИМА барои 1 тонна расид, ки нисбат ба соли гузашта қариб 3 маротиба зиёдтар аст.