spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Бонкҳо хоҳони тамдиди мӯҳлати баргардонидани «пулҳои Роғун» мебошанд

Душанбе. 15-уми август. «Азия-Плюс» — | Аз замони ба сифати воситаҳои депозитӣ дар бонкҳои тиҷоратӣ гузоштани «пулҳои Роғун» як сол сипарӣ мешавад. Мутобиқи шартҳои қарордодҳои баимзорасида бо бонкҳо, ин маблағ бояд пас аз 16-уми август пурра баргардонида шавад.

Аммо аз гардиш баровардани маблағи зиёди пулӣ метавонад ба сатҳи пардохтпазирии бонкҳо таъсири манфӣ гузорад ва гузашта аз ин, бонкҳо аз ин воситаҳо даромади хубе ҳам гирифтанд. Аз ин рӯ, бонкҳо дархост карданд, ки мӯҳлати баргардонидани маблағҳои аз ҳисоби воситаҳои нерӯгоҳи «Роғун» ҷамъшуда тамдид ва ҳамчунин боз аз ин ҳисоб маблағи иловагӣ ҷудо карда шавад.

«Маблағҳои пули «Роғун» дар ҳаҷми умумии 157 млн. сомонӣ (33,2 млн. $), ки аз ҷониби давлат ба суратҳисоби депозитии панҷ бонки ҷумҳурӣ гузошта шуда буданд, дар муддати як сол ба маблағи 11,9 млн. сомонӣ (2,5 млн. $) даромад оварданд», – хабар доданд аз Вазорати молияи Тоҷикистон.

Маблағи аз ин ҳисоб гирифтаи бонкҳо ба тариқи зайл аст: ҶСК «Агроиннвестбонк» – 118,2 млн., «Тоҷиксодиротбонк» – 20,3 млн., «Бонки рушди Тоҷикистон» – 2,8 млн., «Тоҷпромбонк» – 11,1 млн. ва «Фонон Бонк» – 5 млн. сомонӣ.

Мутобиқи қарордоди баимзораисда миёни бонкҳои мазкур ва Вазорати молияву ҶСК «НОБ Роғун», ин воситаҳо ба муддати як сол пешниҳод гардида, замони имзои қарордод меъёри бозтамвил 8% ва баҳори соли равон то 9% боло бурда шуд.

Дар «Агроинвестбонк» эътироф карданд, ки ин маблағҳо хеле саривақтӣ буда, аз ин ҳисоб хариди давлатии чанде аз маҳсулоту коло, аз қабили шакару орд ва бензин маблағгузорӣ шудаанд. «Ин воситаҳо ба бахши воқеъии иқтисод равона гардида, аз ҳама муҳимтар, амал мекарданд, – гуфт як манбаъ дар бонки мазкур. – Мо ба Вазорати молия пешниҳод кардем, ки мӯҳлати ин депозит дароз карда шуда, аз ин воситаҳо ба мо боз маблағи иловагӣ ҷудо гардад».

Муовини аввали вазири молияи ҷумҳурӣ Ҷамолиддин Нуралиев мегӯяд, масъалаи дароз кардани мӯҳлати ин депозит ва ҷудо кардани маблағи иловагӣ аз ин ҳисоб дар сатҳи ҳукуматӣ бо иштироки шӯрои нозирони ҶСК «НОБ Роғун» ҳал карда мешавад. «Шояд пешниҳоди бонкхо пазируфта шаванд. Метавонад ҳамчунин тендери нав эълон гардад. Айни замон ҳамаи пешниҳодот мавриди омӯзиш қарор доранд», – афзуд номбурда.

Маблағҳои пули «Роғун» дар ҳаҷми умумии 157 млн. сомонӣ (33,2 млн. $), ки аз ҷониби давлат ба суратҳисоби депозитии панҷ бонки ҷумҳурӣ гузошта шуда буданд, дар муддати як сол ба маблағи 11,9 млн. сомонӣ (2,5 млн. $) даромад оварданд ва онҳо дар суратҳисоби махсуси Вазорати молияи кишвар нигаҳдорӣ мешаванд.

«Ин маблағи даромадро бояд саҳҳомони ҶСК «НОБ Роғун» гиранд. Ҳангоми маҷлиси умумии саҳҳомон масъалаи кай ва дар кадом ҳаҷм гирифтани даромад баррасӣ мешавад», – зикр карда буд дар нишасти хабарӣ вазири молияи кишвар Сафаралӣ наҷмиддинов.

Бино ба маълумоти вазир, айни замон маблағи умумии саҳмияҳои фурӯхтаи ҶСК «НОБ «Роғун» 830 млн. сомонӣ (175 млн. $)-ро ташкил медиҳад. Моҳи янари соли равон ин маблағ ба 820 млн. 200 ҳазор сомонӣ баробар буд.

Дар робита ба ин масъала иқтисодчӣ Ҳоҷимуҳаммад Умаров мегӯяд, қарори дароз кардани мӯҳлати баргардонидани депозитҳо ва ҷудо кардани маблағи иловагӣ бояд дар маҷлиси умумии саҳҳомон ҳаллу фасл гардад. Ба гуфтаи ӯ, ин муроҷиати бонкҳо гувоҳи он аст, ки онҳо ба баргардонидани маблағи гирифтаашон қодир нестанд, ки боиси нигаронӣ аст.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...