Душанбе. 16-уми август. «Азия-Плюс» — | Мушовирони байнулмилалии Бонки ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон дарҳол оғоз намудани сохтмони навбати аввали нерӯгоҳи обӣ-барқии «Роғун»-ро тавсия намедиҳанд.
Дар варақаи иттилоотии интишорнамудаи намояндагии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон, ки дар сомонаи расмии бонк
–
www
.worldbank.org
низ ҷойгир аст, гуфта мешавад, гурӯҳи коршиносони бонк бо мақсади баррасии ҷараёни иҷрои таҳқиқоти бозрасӣ тибқи лоиҳаи нерӯгоҳи «Роғун» сафари даҳрӯзаи худро ба Тоҷикистон анҷом додаанд.
Мушовирони байнулмилалӣ, ки корҳои бозрасии техникиву иқтисодии лоиҳаро доир сохтанд, хулосаи худро бо он шарҳ медиҳанд, ки бинобар ҳаҷми зиёди маводи таҳшинии ҷараёни оби рӯдхонаи Вахш, айни замон ба дарҳол оғоз намудани сохтмони марҳилаи аввали нерӯгоҳ бо сарбанди фосилавии баландиаш 120 метр (дар нуқтаи 1110 метр аз сатҳи баҳр) тавсия дода намешавад.
«Гурӯҳи коршиносон ва намояндагони Бонки ҷаҳонӣ бо ин хулоса розӣ шуда, ҳарчи зудтар баргузор кардани бозрасии ҳамаҷонибаи техникиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву экологии сарбанди баландиаш комилро тавсия доданд, – омадааст дар варақаи иттилоотӣ. – Дар робита ба ин, баргузории корҳои бозрасии техникиву иқтисодии лоиҳа метавонад муддати аз 6 то 8 моҳ идома ёфта, барои бозрасӣ ба сарбанди баландиаш пурра асоси мустаҳкам шуда метавонад».
«Гурӯҳи коршиносони Бонки ҷаҳонӣ ба чунин хулосае расиданд, ки корҳои таҳқиқотии бозрасӣ, ки моҳи марти соли 2011 шурӯъ шуданд, муваффақона баргузор гардида истодаанд. Дар муддати 5 моҳ мушвирони байнулмилалӣ ҳаҷми хеле зиёди маълумоти тадқиқотии мавҷударо таҳлил намуда, якчанд гузоришу ҳисоботҳо ба нашр расониданд», – омадааст дар варақаи иттилоотӣ.
Интизорӣ меравад, ки гузориши мукаммал дар ин хусус барои баррасии минбаъда ва машваратҳо дар нимаи аввали соли 2012 ба ҷомеа пешниҳод гардад.
Дар варақаи иттилоотии бонк ҳамчунин зикр мегардад, ки гурӯҳи коршиносони Бонки ҷаҳонӣ иқдомот ва кӯшишҳои ҳукумати Тоҷикистон дар масоили кӯчонидани аҳолиро эътироф сохта, як қатор дастовардҳои Тоҷикистон дар ин самтро ба инобат мегирад ва ҳамчунин изҳори умедворӣ менамояд, ки бо мақсади ноил гардидан ба меъёрҳои байнулмилалӣ ба ин кӯшишот идома дода шавад.
Сафари мазкур дар доираи ду Таҳқиқоти бозрасӣ ба лоиҳаи нерӯгоҳи «Роғун»: Бозрасии техникиву иқтисодӣ ва Бозрасии таъсири экологиву иҷтимоӣ доир гардид.