spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Эрон барои анҷоми корҳои сохтмонии нақби «Истиқлол» 3 млн. $ бурс ҷудо мекунад

Ояндаи наздик миёни Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва Вазорати энергетикаи Эрон оид ба ҷудо кардани маблағ ҷиҳати анҷоми корҳои сохтмонӣ дар нақби «Истиқлол» созишномаи бурсӣ ба имзо мерасад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини аввали вазири нақлиёти Тоҷикистон Ҷумъахон Зуҳуров хабар дод, ҳукумати Тоҷикистон бо ин мақсад барои аз ҷониби худ ҷудо кардани 3 млн. $ (14,4 млн. сомонӣ) қарор қабул кардааст.

«Мутобиқи созишнома маблағи умумии анҷоми корҳо дар нақб 6 млн. доллари ИМА-ро ташкил дода, ғайр аз ин, Эрон барои муҷаҳҳаз сохтани нақб бо таҷҳизоту дастгоҳи низоми оташнишонӣ, равшанидиҳӣ ва ҳавософкунӣ ба таври иловагӣ боз 5 млн. доллари ИМА қарз ҷудо кард, – гуфт ӯ. – Ин қисмати корро пас аз анҷоми пурраи корҳои сохтмонӣ ширкати эронии «Фароб» анҷом хоҳад дод.

Ба гуфтаи ӯ, ба анҷоми корҳои сохтмонии нақб пас аз имзои қарордод ширкати эронии «Sobir International» машғул хоҳад шуд.

«Корҳои сохтмонӣ дар ҳаҷми начандон зиёд аллакай оғоз гардиданд ва пас аз дастрасӣ ба маблағ корҳои сементу бетонрезии новаҳо шурӯъ мешаванд. Ҳамаи ин корҳо қаблан тарҳрезӣ шуда буданд, вале бинобар камбуди маблағ, онҳо ба иҷро нарасиданд», – қайд кард муовини вазир.

Ба қавли Зуҳуров,  анҷоми тамоми корҳо дар муддати шаш моҳ ба нақша гирифта шудааст, вале фасли зимистон шояд мушкилот пеш ояд.

«Ояндаи наздик пас аз оғози корҳои сементхобонӣ нақб баста мешавад, вале фасли зимистон ҳангоми қатъ шудани ҳаракати нақлиёт тавассути ағбаи Анзоб, лозим меояд, ки нақб боз карда шавад ва лабатта, ин ба суръати иҷрои корҳои сохтмонӣ таъсир хоҳад расонид», – афзуд номбурда.

Ёдрас мекунем, ки нақби «Истиқлол» на танҳо муддати тамоми сол робита бо минтақаи шимоли ҷумҳуриро таъмин мекунад, балки минбаъд барои даст ёфтан ба кишварҳои хориҷи дуру наздик низ шароит фароҳам хоҳад сохт.

 Сохтмони нақб соли 2003 аз ҷониби ширкати эронии «Sobir International» оғоз гардида буд. Баҳри амалисозии лоиҳаи мазкур Эрон беш аз 31 млн. доллари ИМА ҷудо кард, ки 10 млн. $-и он бурс ва 21, 2 млн. доллари ИМА қарз буд. Аз замони оғози амалисозии лоиҳа ҳиссаи Тоҷикистон дар он 7,8 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...