Дар Вазорати молияи ҷумҳурӣ барои кормандони мақомоти раҳбарии вазорати мазкур таҳти унвони «Монитори хазинаи давлатӣ» семинар-муаррифиномаи Раёсати масоили бюҷетии Хазинаи байнулмилалии асъор доир гардид.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз котиботи Вазорати молияи ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар семинар бо гузориш ва муаррифиномаи ахбори ахир дар бораи вазъи иқтисодиву молиявии ҷаҳон намояндаи доимии Хазинаи байнулмилалии асъор дар Тоҷикистон Ари Айзен маърӯза кард. Ӯ роҷеъ ба вазъи иқтисодӣ дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, кишварҳои Аврупо ва минтақаи Осиёи Марказӣ маълумоти муфассал пешкаш кард.
Ари Айзен изҳор кард, ки дар сиёсати хазинаи давлатии Тоҷикистон ва дар маҷмӯъ рушди иқтсиоди Тоҷикистон тағйироти мусбат ба муоҳида мерасанд. А. Айзен ҳамчунин ба суолҳои мавриди таваҷҷӯҳи намояндагони Вазорати молияи ҷумҳурӣ посухҳои қаноатбахш дод.