spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

«Тоҷик Эйр» чаҳор ҳавопаймои SSJ-100 дастрас карданист


Ширкати ҳавопаймоии тоҷикистонии «Тоҷик Эйр» чаҳор ҳавопаймои Sukhoi Superjet-100-и истеҳсоли ҶСП «Гражданские самолеты Сухого»-ро дастрас карданист.

Дар доираи баргузории намоишгоҳи ҳавонавардӣ-кайҳонии МАКС-2011 дар шаҳри Маскав директори генералии ширкати «Точик Эйр» Музаффар Исҳоқов ва президенти ширкати русиягии «Гражданские самолеты Сухого» Владимир Присяжнюк дар хусуси нияти дастрас кардани ҳавопаймоҳои мазкур созишнома ба имзо расониданд.

Таввре ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» хабар доданд, «ҳавопаймоҳо тариқи лизинг дастрас гардида, ду ҳавопаймои нахустин ахири соли 2013 ба Дшанбе оварда мешаванд. Арзиши ҳавопаймоҳо сирри тиҷоратӣ аст».

Дар ширкати ҳавопаймоӣ зикр карданд, ки ҳавопаймоҳои Sukhoi Superjet-100 (LR) бо афзоишии масофаи парвоз барои истифода дар хатсайрҳои масофаи то 4500 км пешбинӣ шудаанд. «Ҳавопаймо 98 ҷойи нишаст барои мусофирон дошта, навъҳои ҳавопаймоҳои кӯҳнашудаи Ту-134 ва Ту-154-ро иваз менамояд», – гуфт манбаъ.

Дар маросими имзои созишномаи зикршуда директори генералии ширкати «Тоҷик Эйр» Музаффар Исҳоқов изҳор кард, ки истифодаи ин навъи ҳавопаймо аз лиҳози иқтисодӣ пурсамар буда, таъмини боэътимоди амният ва хусусиятҳои хуби он ба ширкати тоҷикистонӣ барои беҳбуд бахшидан ба шабака ва реҷаи хатсайрҳо ва ҳамчунин ифтитоҳи хатсайрҳои нав шароити мусоид фароҳам меоварад.

Дар ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» ҳавопаймоҳои – Ту-154М, Як-40, Ан-24, Ан-26, Ан-28, «BOEING -757-200», «BOEING -737-500», инчунин чархболҳои МИ-8 МТВ ва МИ-172, МИ-8Т мавриди истифода қарор гирифтаанд.

Ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» мунтазам парвози ҳавопаймоҳо ба шаҳрҳои Русия – Маскав, Санк-Петербург, Екатеринбург, Сочи, Сургут, Самара, Новосибирск, Иркутск ва ҳамчунин шаҳрҳои Бишкек, Алмаато, Теҳрон ва Шарҷаро ба анҷом мерасонад. Дар хатсайрҳои дохилӣ парвозҳо ба шаҳрҳои Хуҷанд ва Хоруғ ба иҷро расонида мешаванд.

Sukhoi Superjet 100 (SSJ-100) аввалин ҳавопаймои мусофирбарест, ки дар Русияи нав сохта шудааст. Он навъҳои кӯҳнашудаи ҳавопаймоҳои Ту-134, Ту-154 ва Як-42-ро иваз намуда, ба навъҳои мавҷудаи ҳавопаймоҳои ширкатҳои Bombardier (серии CRJ, ARJ21) ва Embraer (силсилаи E-Jet) рақобатпазирӣ мекунад.   

Ҳавопаймоҳои мазкур дар корхонаи ҳавопаймоии шаҳри Комсомолски Амур сохта мешаванд. Бори нахуст ҳавопаймо 26-уми сентябри соли 2007 ба маърази тамошои умум гузошта шуд. Арзиши умумии корҳои лоиҳакашиву бунёди он тахминан 1,4 млрд. доллари ИМА-ро ташкил медиҳанд. Арзиши тахминии ҳавопаймои SSJ-100 дар бозор ҳудуди 27 млн. доллари ИМА аст.  

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...