spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Ҳаҷми афзоиши ММД-и Тоҷикистон дар соли равон 6,4%-ро ташкил хоҳад дод


Ҳаҷми афзоиши Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и Тоҷикистон дар соли равон 6,4%-ро ташкил хоҳад дод

.

Бино ба маълумоти Кумитаи омори ИДМ,  ММД-и Ӯзбекистону Белорус нисбат ба соли гузашта мутаносибан ба андозаи 8,2 ва 8% зиёд хоҳад шуд. Ҳаҷми афзоиши ММД дар кишварҳои дигари узви ИДМ ба тариқи зайл аст: Қазоқистон – 6, Қирғизистон – 5,5, Арманистон – 5 ва Русияву Украина – 4,6%.

Интизор меравад, ки ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон нисбат ба соли 2011 дар соли оянда ба миқдори – 6,2, Ӯзбекистон – 8, Белорус – 6,5, Қирғизистон – 6, Қазоқистон – 5,8, Украина – 5 ва Озарбойҷон – 3,5% меафзояд.

Соли оянда афзоиши ҳаҷми ММД дар кишварҳои узви ИДМ ба ҳисоби миёна дар ҳаҷми 4,5% пешбинӣ мегардад.

Қобили зикр аст, ки ҳаҷми ММД-и Тоҷикистон дар соли 2010 беш аз 24,704 млрд. сомонӣ (зиёда аз 5,6 млрд. $ бо қурби аввали моҳи январи соли 2010)-ро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2009 ба андозаи 6,5% зиёдтар аст. Аз рӯйи натиҷаҳои соли 2009 ҳаҷми ММД-и кишвар ба 20 млрд. 622 млн. сомонӣ баробар буд.

Аввали соли равон Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ пешбинӣ карда буд, ки афзоиши ҳаҷми ММД-и Тоҷикистон дар соли равон 30,2 млрд сомониро ташкил хоҳад дод. Афзоиши воқеъии ҳаҷми ММД дар сатхи 6,5% ба нақша гирифта шудааст. 

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...