Бақияи умумии қарзҳо дар қаламрави ҷумҳурӣ ба санаи 1 августи соли равон маблағи 4,4 млрд. Сомонӣ (беш аз 926 млн. $) -ро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 33,7 фоиз афзуд.
Тавре аз хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон хабар доданд, азҷумла, дар таркиби бақияи ҳаҷми қарзҳо 66,8 фоиз ё 2,9 млрд. сомонӣ қарзҳои кӯтоҳмуддат ва 33,2 фоиз ё 1,5 млрд. сомониро қарзҳои дарозмуддат ташкил доданд.
Ба иттилои манбаъ, дар ҳафт моҳи соли равон фоизҳои миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ ба 22,69 фоиз ва бо асъори хориҷӣ ба 22,00 фоизи солона баробар шуданд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта мувофиқан 1,8 ва 2,0 банди фоизӣ кам мебошанд.
Зикр гардид, ки дар моҳҳои январ-июли соли ҷорӣ ҳаҷми қарзҳои хурди додашуда 1,4 млрд. сомониро ташкил дод, ки дар қиёс ба ҳафт моҳи соли гузашта 38,9 фоиз зиёд аст. Аз ин ҳисоб 318,1 млн. сомонӣ дар шакли қарзҳои хурд ба ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон дода шудаанд.