spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Анҷоми татбиқи лоиҳаи беҳбуди бахши чорводорӣ дар ноҳияи Мурғоб


Рӯзи 25-уми августи соли 2011 ҷаноби Йошихиро Накаяма, сафири Ҷопон дар Тоҷикистон дар маросими анҷоми лоиҳа дар ҷамоати «Аличур» – и ноҳияи Мурғоб ширкат варзид.

 Тавре аз сафоратхонаи Ҷопон дар Тоҷикистон хабар доданд, «Лоиҳаи беҳтар намудани соҳаи чорводорӣ дар ҷамоати «Аличур»-и ноҳияи Мурғоб» ба маблағи умумии 96.319 доллари ИМА, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷопон дар чаҳорчӯбаи кӯмакҳои бебозгашти лоиҳаҳои амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ маблағгузорӣ шудааст, муваффақона ба итмом расид.

«Барои чорводорони маҳаллӣ боамн нигоҳ доштани қутосҳо дар фасли зимистон амри муҳол буд, зеро фермаҳои мавҷудаи ҷамоати “Аличур” солҳои 1970  сохта шуда, ба шароити нигоҳдорӣ мутобиқ набуданд. Зарурати фавран сохтани фермаҳои нав барои таъмини амни қутосҳо пеш омад», – гуфтанд дар сафорати Ҷопон.

Ба иттилои манбаъ, тавассути лоиҳаи мазкур се фермаи қутоспарварӣ барои нигоҳдории онҳо дар шароити боамн дар фасли зимистони қаҳратун сохта шуд. «Гузашта аз ин, шабака барои обёрии 100 га замини роҳандозӣ шудааст. Дар натиҷа афзун намудани ҳосилнокии меҳнат боиси зиёд шудани даромад барои 600 чорводорони маҳаллии ҷамоати “Аличур”-и ноҳияи Мурғоб мегардад», – афзуд сарчашма.

Қобили зикр аст, ки кӯмакҳои бебозгашти лоиҳаҳои амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ ба ҳокимиятҳои маҳаллӣ, соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва ташкилотҳои байнулмиллалии ғайридавлатии мамлакатҳои рӯ ба тараққӣ расонида мешавад. Ҳукумати Ҷопон аз соли 1996 инҷониб барои бахши аъзами аҳолӣ 271 лоиҳаҳои кӯмаки башариро ба маблағи умумии $19.8 миллион доллари ИМА дар Тоҷикистон амалӣ намудааст.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...