Шурӯъ аз 1-уми сентябри соли равон меъёри боҷи содиротии Русия ба бензин дар ҳаҷми 1,3% ё худ аз 394,4 то 399,7 $ барои як тонна зиёд карда мешавад.
Дар қарори ҳукумати Русия гуфта мешавад, аз 1-уми сентябр меъёри боҷи содиротӣ ба дигар маҳсулоти нафтии ба истилоҳ сафед аз 293,6 то 297,5$ ва маҳсулоти сиёҳи нафтӣ аз 204,6 то ба 207,4 доллари ИМА боло бурда мешавад.
Ҳукумати Русия ҳар моҳ меъёрҳои боҷи содиротӣ ба маҳсулоти нафтиро тасҳеҳ мекунад. Аввали моҳи майи соли равон болоравии бесобиқаи боҷи содиротии Русия ба маҳсулоти нафтӣ ба қайд гирифта шуд. Он замон меъёри боҷи содиротӣ ба бензин якбора ба андозаи 44% боло рафта буд. Сабаби ин амалро ҳукуматдорони Русия камбуди бензин дар бозори дохилии кишвар унвон карданд.
Дар ҳамин ҳол, бар асари ҷорӣ сохтани боҷи нави содиротӣ ба маҳсулоти нафтӣ аз ҷониби Русия, аз моҳи майи соли гузашта то имрӯз нархи бензин дар Тоҷикистон ба андозаи 43% боло рафт.
Имрӯз дар нуқтаҳои фурӯши маводи сӯзишвории шаҳри Душанбе арзиши бензини навъи АИ-80 – 6, АИ-92 – 6,30, АИ-95 – 6,7 ва сӯзишвории дизелӣ 5,70-6 сомонӣ барои як литрро ташкил медиҳад.
ҶСК «Газпромнефт – Тоҷикистон» таъминкунандаи асосии ҷумҳурӣ бо маводи сӯзишворӣ маҳсуб меёбад.