Имрӯз дар ҳузури президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва сарвари давлати Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод навбати аввали нерӯгоҳи обӣ-барқии «Сангтӯда-2» мавриди истифода қарор гирифт. Ин дуюмин нерӯгоҳест, ки Эрон дар Тоҷикистон бунёд меозад.
Мавриди зикр аст, ки сохтмони нерӯгоҳи обӣ-барқии «Сангтӯда-2» ҳанӯз замони шӯравӣ оғоз гардида, минбаъд иҷрои корҳо дар он ба иллати камбуди маблағ ва ҳамчунин оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон боздошта шуда буданд ва сипас соли 2006 бо дастгирии Эрон ба иҷрои корҳои насбу сохтмон дар он идома бахшида шуд. Иқтидори нерӯгоҳ 220 мегаватро ташкил дода, баҳри сохтмони он Эрон 180 млн. ва Тоҷикистон 40 млн. $ ҷудо карданд.
Тавре пешбинӣ мегардад, иқтидори нерӯгоҳи «Сангтӯда-2» ба истеҳсоли 1 млрд. кВт/соат нерӯи барқ дар як сол баробар хоҳад буд. Пас аз мавриди истифода қарор гирифтани он дар муддати 12,5 сол он моликияти Эрон хоҳад буд ва сипас пурра ба ихтиёри Тоҷикистон супурда мешавад.