Дар вилояти Ботканди Қирғизистон 16 автомашинае, ки ба Тоҷикистон маводи сӯзишворӣ меоварданд, боздошт шуданд. Дар ин бора бо истинод ба Хадамоти давлатии пулиси молиявии назди ҳукумати Қирғизистон ОИ «24 kg» хабар медиҳад.
Бино ба маълумоти хадамоти мазкур, «чораҳои андешидаи тадорукотӣ ва фаврӣ-ҷустуҷӯйӣ ҷиҳати ба даст овардани натиҷаи мусбат дар ошкор сохтани ҷинояткории марбут ба ғайриқонунӣ ба хориҷи кишвар интиқол додани маводи сӯзишворӣ аз вилояти Ботканд ба Тоҷикистон мусоидат намуданд».
«Дар натиҷаи тадбирҳои андешида 16 автомашинае, ки маводи сӯзишвориро ба миқдори 462 тонна ба маблағи 15 млн. сом ба хориҷи кишвар интиқол доданӣ буданд, боздошт гардида, аз рӯйи ин далел 8 парвандаи ҷиноӣ боз шудааст ва тафтишот идома дорад», – гуфта мешавад дар иттилои хадамоти номбурда.