Зимни суханронӣ дар маросими мавриди истифода қарор гирифтани навбати аввали нерӯгоҳи обӣ-барқии «Сангтӯда-2» президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон изҳор кард, ки тӯли 20 соли истиқлолият дар Тоҷикистон беш аз 250 нерӯгоҳҳо хурди обӣ-барқӣ сохта шуданд
.
Ба гуфтаи сарвари давлат, солҳои охир дар натиҷаи амалишавии барномаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ, аз ҷумла дар бахши энергетика дар мамлакат зиёда аз 250 нерўгоҳи хурду миёнаи барқи обӣ сохта шуда, бунёд ва ба фаъолият оғоз кардани нерўгоҳҳои “Помир-1” ва “Сангтўда-1”, хатҳои интиқоли барқи “Лолазор-Хатлон”, “Ҷануб-Шимол” ва “Конибодом-Боткент», зеристгоҳи “Сомонӣ”- и шаҳри Кўлоб ба мо имкон доданд, ки шабакаи ягонаи энергетикии кишварро таъсис дода, дар самти ҳалли мушкилоти энергетикии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва мардум ба пешрафти назаррас муваффақ гардем.
«Ҳамзамон бо ин, корҳои сохтмону барқарорсозӣдар иншооти азиму стратегии кишвар – нерўгоҳи барқи обии Роғун, инчунин нерўгоҳҳои хурду миёна дар ҳавзаи дарёҳои Вахш ва Зарафшону Варзобвусъати тоза дошта, дар доираи Барномаи дарозмуддати бунёди силсилаи нерўгоҳҳои хурди барқӣ то соли 2020-ум боз 190 нерўгоҳҳои хурди барқи обӣ бояд сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шаванд», – изҳор дошт сарвари давлат.