Аз замони мавҷудияти қитъаи роҳи оҳани вилояти Суғд имрӯз қатораи муосифрбар бори нахуст сӯйи шаҳри Маскав раҳсипор мегардад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори вокзали роҳи оҳани «Хуҷанд» Саидҷон Ғафуров хабар дод, қатора бо 430 нафар мусофирон нимаи дуввуми рӯз ба самти Маскав ҳаракатро оғоз мекунад. Вагонҳои қатора мутобиқи талаботи меъёрҳои байнулмилалӣ дар корхонаи вагонсозии шаҳри Тошканд аз таъмири асосӣ бароварда шуданд. Дар муддати қариб се шабонарӯз мусофирон метавонанд аз хизматгузории 18 нафар роҳбаладон истифода намоянд. Ҳаракати қатораи мусофирбар тавассути ин хатсайр ҳафтае як маротиба анҷом дода мешавад.
«Қаблан то соли 1991 тариқи убури шаҳри Хуҷанд қатораи транзитии шаҳри Андиҷони Ӯзбекистон ба Маскав ҳаракат мекард. То имрӯз аз шаҳри Хуҷанд ба пойтахти Русия ҳеҷ каторае раҳсипор нашудаст», – афзуд Ғафуров.
Қобили зикр аст, ки роҳандозӣ намудани ин хатсайр ба муносибати таҷлили ҷашни 20-умин солгарди Истиқлоли Тоҷикистон сурат гирифт.