Дар ҳамоиши тиҷоратӣ таҳти унвони «Рӯзи СҲШ: рушди ҳамкории иқтисодии минтақавӣ» дар шаҳри Урумчии Чин беш аз аз 300 лоиҳаҳои сармоягузории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд.
Тавре аз маркази матбуоти Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар ҳамоиш аз ҷониби Тоҷикистон лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар бахшҳои энергетикаву геология, мошинсозӣ, саноати кӯҳкорӣ, металлургӣ, электротехникӣ, кимиёвӣ, саноати сабук ва коркард пешниҳод гардиданд.
Ба иттилои манбаъ, ҳамчунин лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаи комплекси агросаноатӣ, сохтмон, мелиоратсия, нақлиёт, тандурустӣ, хоҷагии коммуналӣ ва комплексҳои намоишгоҳиву ярмаркавии Тоҷикистон низ мавриди муаррифӣ қарор гирифтанд.
«Аксари ширкатҳо, ки дар кори ҳамоиш ҳузур доштанд, манфиатдории худ ба ҳамкорӣ дар самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистонро изҳор намуданд», – афзуданд дар ПСС ҶТ.