Дар рейтинги рақобатпазирии Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ Тоҷикистон 11 зина боло рафт.
Дар гузориши интишоргардида таҳти унвони «Рейтинги глобалии рақобатпазирӣ» барои солхои 2011-2012 гуфта мешавад, Тоҷикистон аз мавқеъи 116 то мавқеъи 105-ум боло рафтааст. Дар сархати рейтинги мазкур Швейтсария қарор дошта, аз паси он Сингапур, Шветсия, Финландия ва ИМА ҷойгир шудаанд. Дар ин рейтинг дар маҷмӯъ мавқеъи 142 кишвари дунё зикр ёфтааст. Ҷойҳои охири рӯйхатро Чад, Гаити, Бурунди ва Ангола ишғол мекунанд. Дар рейтинг мавқеъи Белорус нишон дода нашудааст.
Кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар маҷмӯъ мавқеъи худро беҳтар кардаанд. Миёни кишварҳои узви ИДМ мавқеъи аз ҳама баланд дар ин рейтингро Озарбойҷон касб кардааст, ки ду зина боло рафта мақоми 55-умро соҳиб аст.
Русия се зинаро аз даст дода, то мавқеъи 66-ум поин рафт. Қазоқистон бо касби мақоми 72-юм миёни кишварҳои узви ИДМ севум аст. Украина 7 зина (то мақоми 82-юм) ва Арманистон 6 мавқеъ (то зинаи 92-юм) боло рафтаанд.
Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ рейтинги рақобатпазириро бо назардошти беш аз 110 нишондиҳанда, аз ҷумла зербино, самаранокии бозорҳои мол ва меҳнат, сифати бахши маорифу таълим, вазъи макроиқтисодӣ дар кишвар, ҷорӣ сохтани инноватсияҳо, рушди бозори молиявӣ ва ғайра таҳия месозад.