spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Ҳаллу фасли тақдири лоиҳаи CASA-1000 дар Бишкек


Дар ҷаласаи Шӯрои байниҳукуматӣ оид ба амалисозии лоиҳаи хатти баландшиддати интиқоли неруи барқи CASA-1000, ки имрӯз дар шаҳри Бишкек ба кор шурӯъ мекунад, Тоҷикистонро муовини аввали вазири энергетика ва саноати кишвар Пӯлод Муҳиддинов намояндагӣ мекунад.

Аз Вазорати энеретика ва саноати ҷумҳурӣ хабар доданд, ки дар ҷаласа ҳамчунин намояндагони Афғонистон, Покистон ва Қирғизистон низ ширкат хоҳанд варзид.

Бино ба иттилои манбаъ, амалисозии лоиҳаи CASA-1000 пас аз интихоби мушовирони тиҷоратии лоиҳа тахминан то ахири соли равон оғоз мегардад.

Зикр гардид, ки арзиши пешакии лоиҳа, ки интиқоли нерӯи барқ аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистонро таъмин менамояд, 953 млн. доллари ИМА арзёбӣ мешавад.

Ёдрас мекунем, ки аввали моҳи сентябр зимни сафари расмии худ ба Тоҷикистон президенти Русия Дмитрий Медведев изҳор кард, ки кишвараш ба сармоягузорӣ дар ҳаҷми садҳо млн. доллари ИМА ҷиҳати татбиқи лоиҳаи мазкур омода аст.

Ахири ҳафтаи гузашта пас аз мулоқот бо президенти Тоҷикистон Директори Бонки Ҷаҳонӣ оид ба стратегия ва амалиёт дар минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ Теодор Алерс изҳор дошт, ки агар дар мулоқоти Бишкек ҳар чор кишвари иштирокчии лоиҳа ба мувофиқа расанд, Бонки ҷаҳонӣ омода аст, ки ин лоиҳаро дастгирӣ намуда, барои татбиқи он маблағ ҳам ҷудо намояд.

Ба андешаи аксари кулли коршиносон, агар лоиҳаи сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» дар Тоҷикистон, ки Ӯзбекистон мухолифи он аст, амалӣ нагардад, татбиқи лоиҳаи CASА-1000 на он қадр пурсамар хоҳад буд.

Дар ҳамин ҳол, Қирғизистон ба амалисозии лоиҳаи CASA-100- муваффақона шурӯъ кард. ОИ 24.kg хабар медиҳад, ки дар мароисими ифтитоҳи ҷаласаи Шӯрои байниҳукуматӣ оид ба амалисозии лоиҳаи мазкур муовини аввали нахуствазири Қирғизистон Омурбек Бабанов изҳор доштааст, ки татбиқи ин лоиҳаи стратегӣ ба рушди бахши электроэнергияи тамоми кишварҳои иштирокчии он такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.

«Аллакай нуқтаҳои пайвастшавии хатти интиқоли барқ аз зеристгоҳи «Датка»-и Қирғизистон то зеристгоҳи «Хуҷанд»-и Тоҷикистон муайян карда шуданд. Масофаи умумии хатти интиқол 1 ҳазору 227 километрро ташкил медиҳад, ки 457 километри он ба қаламрави Қирғизистон рост меояд. Лоиҳаи мазкур барои кишвари мо зарур аст. Танҳо бо кӯшишҳои муштарак мо метавонем ба натиҷаҳои бузург ноил гардем», – гуфтааст ӯ.

Омурбек Бабанов ҳамчунин зикр кардааст, ки корҳои асосноккунии фанниву иқтисодии лоиҳа аллакай ба анҷом расидаанд. «Лоиҳа 953 млн. доллари ИМА арзиш дорад. Мо ба бунёди зеристгоҳи «Датка» шурӯъ кардем, яъне ба амалисозии лоиҳаи CASA-100 саҳм гузоштем», – афзудааст муовини аввали нахуствазири Қирғизистон. 

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...