Раиси вилояти Суғд, муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо намояндагони ширкати «Santos»-и Австралия, ки бо сафари корӣ ба вилоят ташриф овардаанд, мулоқот намуд.
Тавре аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд, Қоҳир Расулзода меҳмононро ба сарзамини офтобии Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, оид ба вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, соҳаҳои муҳими хоҷагии халқии вилоят, дастовардҳои мардуми минтақа дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар таҳти роҳбарии Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, равобити иқтисодии вилоят бо ширкатҳои хориҷӣ ва фароҳам омадани шароитҳои мусоид ба фазои сармоягузорӣ маълумот дод.
Роҳбари гурӯҳи корӣ, роҳбари лоиҳаҳои сармоягузории ширкати «Santos»-и Австралия дар кишварҳои Осиё Билл Овенден ба Раиси вилоят дар бораи ҳадафи сафари корӣ, фаъолияти ширкати мазкур ҳарф зада, таассуроти неку рангини худро аз Тоҷикистон, бахусус аз сарватҳои нодири зеризаминӣ, табиати дилфиреб ва мардуми меҳнатқарин ва меҳмондӯсти вилояти Суғд изҳор дошт.
Ширкати мазкур аз соли 2008 инҷониб дар Тоҷикистон дар самти иктишофи конҳои нафту газ фаъолият менамояд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз мақомоти раҳбарии ширкати «Somon Oil» хабар доданд, ширкат моҳи август ба корҳои иктишофӣ дар кони нафту гази «Супетауи Ғарбӣ» оғоз намуда, ширкати «Santos» маблағгузории хароҷоти ин корҳоро ба ӯҳда гирифтааст.
«Маблағи ин хароҷот ҳудуди 1,7 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳанд ва пас аз ба даст оардани натиҷаҳо масъалаи ҳиссаи ширкати австралиягӣ баррасӣ мешавад, – гуфтанд дар ширкат. – Айни замон мо ду иҷозатнома барои баргузории корҳои иктишофӣ дар майдони 2492 километри мураббаъ ба муддати 7 сол дорем».
Ба иттилои манбаъ, дар сурати пайдо шудани кони нафту ё газ, ҳиссаи давлат аз фурӯши ин ашёи хом 50%-ро ташкил хоҳад дод.
Зикр бояд намуд, ки сафари ҳайати кории ин ширкати бонуфузи ҷаҳонӣ ба рушд ва таҳкими ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистону Австралия дар самти истихроҷ ва истеҳсоли нафту газ мусоидат хоҳад намуд.