spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Нигаронии ХБА аз афзоиши сатҳи таваррум дар Тоҷикистон


Сафари даҳрӯзаи гурӯҳи Хазинаи байнулмилалии асъор ба Тоҷикистон, ки баҳри баргузории гузориши ҷараёни иҷрои қарордод бо Тоҷикистон дар чаҳорчӯби барномаи «Тавсеъаи механизми қарзӣ» сурат гирифта буд, чанде қабл ба анҷом расид.

Дар бораи натоиҷи сафар роҳбари гурӯҳи Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) Тодд Шнайдер дар ҷамъи рӯзноманигорон изҳор кард, ки дар ҷараёни гуфтушуниду баррасиҳо оид ба маҷмӯи роҳандозии чорабиниҳо ва амал то ахири соли равон ва барои соли 2012 комёбиву пешравиҳо ба даст оварда шуданд.

«Минбаъд ин масоил дар чаҳорчӯби гутушунидҳои ҳамасолаи ХБА ва Бонки ҷаҳонӣ дар Вашингтон, ки ахири ҳафтаи равон доир мегарданд, баррасӣ хоҳанд шуд», – гуфт ӯ.

Т.Шнайдер зикр кард, ки рушди иқтисодии Тоҷикистон дар ҳоли барқароршавӣ қарор дошта, нимаи аввали соли 2011 афзоиши Маҷмӯи маҳсулоти дохилии воқеъӣ ба 6,9% расидааст.

«Афзоиши ҳаҷми воридоти маблағҳои пулӣ аз хориҷи кишвар ба зиёд шудани ҳаҷми савдои дохилӣ ва пешниҳоди хизматрасониҳо мусоидат намуда, ҳамчунин дар бахши кишоварзӣ, сохтмон ва саноат низ пешравиҳо ба мушоҳида мерасанд», – иброз дошт намояндаи ХБА.

Номбурда гуфт, «афзоиши сатҳи таваррум, ки дар моҳи май ба нуқтаи баландтарин – 14,8% расида буд, боиси нигаронӣ аст, вале минбаъд он бо суръати мӯътадил рӯ ба пастравӣ ниҳод».

«Ба ақидаи мо, дар сурати боқӣ мондани нархҳои баланд ба маҳсулоти асосии содиротӣ ва рушди иқтисоди шарикони минтақавии Тоҷикистон, сатҳи афзоиши ҳаҷми ММД дар ҷумҳурӣ дар соли 2011 ҳадди ақалл 6%-ро ташкил хоҳад дод», – гуфт Т.Шнайдер.

Намояндаи ХБА идомаи ҷараёни барқароршавии суръати руши иқтисодро таъкид сохта, зикр кард, ки дар ин замина яке аз вазифаҳои муҳими сиёсати иқтисодӣ нигоҳдории афзоиши сатҳи таваррум аст.

Дар дурнамои миёнамӯҳлат гурӯҳи ХБА ба мақомоти расмӣ таҳия ва амалисозии барномаҳои кӯмаки мушаххаси иҷтимоӣ барои дастгирии қишри камбизоати аҳолиро тавсия медиҳад.

Т.Шнайдер мӯътадил гардидани нишондиҳандаҳои бахши молиявӣ тайи моҳҳои ахирро таъкид намуда, ҳамзамон аз Бонки миллии Тоҷикистон даъват ба амал овард, ки Нақшаи таъмини мӯътадилӣ ва суботи бахши молиявиро амалӣ созад. Ин нақша ба ҳалли мушкилоти қарзҳои истифоданашудаи бонкҳо ва ҳамчунин такмили меъёрҳо дар соҳаи баҳисобгирии муҳосибӣ ва назорат нигаронида шудааст.

«Минбаъд ин чорабиниҳо ба таҳкими эътимоди мардум ба бонкҳо, фароҳам овардани имконоти иловагӣ барои пешниҳоди қарз ба бахши хусусӣ ва дар ниҳояти кор ба рушди иқтисод ва шуғли аҳолӣ мусоидат хоҳанд кард», – афзуд намояндаи ХБА. 

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...