– Айни замон дар манотиқи Точикистон реҷаи маҳдуди истифодаи барқ ҷорӣ нашудааст ва ахиран қатъ шудани интиқоли барқ дар баъзе ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба баргузории корҳои таъмиру омодагирӣ ба мавсими зимистон марбутанд, – мегӯянд дар ширкати «Барқи тоҷик».
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи шикати номбурда Нозирҷон Ёдгорӣ хабар дод, ҳанӯз фасли тобистон дар ширкат нақшаи иборат аз 410 банд ҷиҳати омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистон таҳия шудааст, ки то ба имрӯз ҳудуди 300 банди он ба иҷро расида, боқимонда қисман ё дар марҳилаи иҷро қарор доранд.
«Соли равон ширкат барои баргузории чорабиниҳо ва корҳои таъмиру пешгирӣ дар нерӯгоҳҳои обӣ-барқӣ, хатҳои интиқоли барқ ва зеристгоҳҳои барқӣ зиёда аз 43 млн. сомонӣ маблағ хароҷот кард», – изҳор кард Ёдгорӣ.
Тибқи пешгӯйи коршиносони ширкат, соли равон ҷорӣ сохтани реҷаи маҳдуди истифодаи барқ дар Тоҷикистон нисбат ба соли гузашта бадтар нахоҳад буд. Соли гузашта шурӯъ аз моҳи ноябр минтақаҳои ҷумҳурӣ ҳудуди 12 соат дар як шабонарӯз бо нерӯи барқ таъмин мешуданд. Дар шаҳрҳои бузург интиқоли барқ умуман қатъ намегардид.
Ёдгорӣ ҳамчунин афзуд, айни замон дар Тоҷикистон ҳамарӯза ба ҳисоби миёна 37-38 млн. кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол крда мешавад.