Имрӯз дар ҷаласаи Шӯрои палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи бюҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои соли 2012 баррасӣ шуда, сипас он барои омӯзиш ба кумитаҳо ва комиссияҳо ирсол мегардад.
Ҳукумати ҷумҳурӣ ин лоиҳаи қонунро дар таърихи 30-юми сентябр маъқул шуморида, онро ба парлумон пешниҳод кард.
Қисми даромади буҷаи соли 2012 дар ҳаҷми 10 млрд. 160 млн. сомонӣ (беш аз 2,1 млрд. $) ва хароҷот ба миқдори 10 млрд. 340 млн. сомонӣ (ҳудуди 2,2 млрд. $) пешбинӣ шудаанд, ки аз ҳаҷми даромаду хароҷоти бюҷети соли равон мутаносибан ба андозаи 1 млрд. 860 млн. ва 1 млрд. 750 млн. сомонӣ бештаранд.
Ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар ҳачми 35,8 млрд. сомонӣ (7,5 млрд. $), ҳаҷми афзоиши истеҳсолот 7% ва сатҳи таваррум ба андозаи 10,5% ба нақша гирифта шудааст.
Қариб 50%-и бюҷети соли 2012 (беш аз 5 млрд. сомонӣ) ба маблағгузорӣ ҷиҳати рушди бахши иҷтимоӣ равона мегарданд. Ҳудуди 3 млрд. сомонӣ барои амалисозии лоиҳаҳои стратегӣ, ки ба таъмини истиқлолияти энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ ва раҳо кардани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ равона гардидаанд, пешбинӣ гардидаанд.
Соли оянда аз маблағҳои бюҷет 145 млн. сомонӣ барои рафъи мушкилоти камбуди оби нӯшокӣ дар 24 шаҳру навоҳии кишвар истифода хоҳанд шуд.