spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Ҷорӣ шудани реҷаи маҳдуди таъмини барқ дар Тоҷикистон


Ширкати саҳҳомии холдингии кушодаи «Барқи тоҷик» дар минтақаҳои кишвар расман реҷаи маҳдуди таъмини барқро ҷорӣ намуд.

Сухангӯйи ширкат Нозирҷон Ёдгорӣ ба ОИ «Азия-Плюс» изҳор кард, ки нерӯи барқ дар як ҳаҷми муайян ба манотиқи кишвар интиқол дода шуда, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мувофиқи салоҳдиди худ онро тақсим мекунанд.

Ба қавли вай, шурӯъ аз санаи 12-уми октябр шабонарӯзӣ вилояти Суғд дар ҳаҷми ҳудуди 5 млн., Хатлон – 4,5 млн. ва шаҳри Душанбе – 4,7 млн. кВт/соат бо нерӯи барқ таъмин мегарданд.

«Тибқи ҳисобу китоби мутахассисони ширкат, дар сурати сарфакорона истифода бурдани ин миқдор нерӯи барқ, он бояд барои таъмини аҳолӣ ва иншооти саноатии минтақаҳо ба муддати 10-12 соат дар як шабонарӯз кофӣ бошад», – гуфт ӯ.

Ёдгорӣ бори дигар хотиррасон намуд, ки дар пойтахт ва шаҳрҳои бузурги ҷумҳурӣ ҷорӣ кардани реҷаи маҳдуди таъмини барқ пешбинӣ нашудааст.

Сабаби асосии ба ин амал даст задани ширкатро ӯ ба коҳиш ёфтани сатҳи ҷоришавии оби рӯдхонаи Вахш марбут донист, зеро субҳи имрӯз сатҳи ҷоришавии об дар рӯдхонаи Вахш 337 метри мукааб дар як сонияро ташкил дод ва ин ҳам дар ҳолест, ки дар ҳамин рӯзи соли гузашта ин нишондиҳанда ба 440 метри мукааб дар як сония баробар буд.

«Агар рӯзи 5-уми октябр дар кишвар 36 млн. кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол гардида бошад, пас имрӯз ин ҳаҷм то 34 млн. кВт/соат дар як шабонарӯз поин рафт», – зикр кард сухангӯйи ширкат. Ӯ ёдрас кард, ки дар ҳамин давраи соли гузашта ҳаҷми истеҳсоли барқ дар кишвар 37-38 млн. кВт/соат дар як шабонарӯзро ташкил медод.

Ёдгорӣ таъкид кард, ки тамоми ин чорабиниҳо баҳри «дар фасли зимистон ба мушкилоти шадиди таъмини барқ дучор наомадан» пеш гирифта шудаанд. «Соли равон бинобар камобии рӯдхонаи Вахш мо аз санаи 26-уми сентябр ба истифодаи захираҳои оби обанбори Норак шурӯъ кардем, соли гузашта бошад, танҳо санаи 27-уми октябр ин кор оғоз гардида буд», – изҳор кард Ёдгорӣ.

Соли гузашта реҷаи маҳдуди таъмини барқ дар ҷумҳурӣ санаи 2-юми ноябр ҷорӣ гардида буд. То фасли баҳор минтақаҳои кишвар дар як шабонарӯз 10 соат бо барқ таъмин мегардиданд. Шаҳрҳо аз ҷорӣ шудани чунин реҷа эмин монда буданд. 

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...