spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

«Боинг»-и нави «Сомон Эйр» парвози аввали худро анҷом дод


Ҳавопаймои «Боинг 737-900»-и ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» парвози аввали худро анҷом дода, аз шаҳри Душанбе ба шаҳри Санкт-Петрбург 96 нафар ва аз он ҷо ба пойтахти Тоҷикистон 172 нафарро ба нуқтаи таъинот расонид.

Тавре хадамоти матбуоти ширкати хабар медиҳад, аз ӯҳдаи идораи ҳавопаймо гурӯҳи халабонону командирон, кормандони техникиву стюардессаҳо – Файзулло Сатторов, Ҷӯрабек Умаров, Азамат Тӯраев, Хуршед Назаров, Фирӯза Юсуфова, Фирӯза Бердиева, Фирӯз Тошматов, Заррина Аҳмедова ва Темур Набиев ба хубӣ баромаданд.

«Боинг 737-900» аз ҳавопаймоҳои навтарин ва бузургтарини ин навъи ҳавопаймоҳо ба шумор рафта, дар таърихи 29-уми сентябри соли 2011 ба Тоҷикистон интиқол дода шуд. Ширкати «Сомон Эйр» соли 2008 ба фаъолият шурӯъ карда, ин ҳавопаймои чоруми мусофирбари он аст.

Ҳавопаймо дар корхонаи истеҳсолкунанда, дар шаҳри Сиэтли ИМА бо фармоиши махсуси ширкат бандубаст ва омода гардида, 184 ҷойи нишаст дорад. Ин ҳавопаймо барои таъмини парвоз ба хатсайрҳои масофаашон тӯлонӣ, аз қабили Душанбе-Франкфурти Майн, Душанбе-Дубай, Душанбе-Истамбул, Душанбе-Ҷидда, Душанбе-Урумчӣ, Душанбе-Маскав, Душанбе-Санкт-Петербург ва хатсайрҳои аз ҷониби ширкат пешбинишудаи Душанбе-Бангкок ва Душанбе-Сеул истифода карда мешавад. Ба ҳавопаймо номи Қаҳрамони миллии Тоҷикистон Шириншо Шотемур гузошта шуд.

«Дохили ҳавопаймо ба ҷуз таҷҳизоти маъмулӣ, бо услуби миллӣ оро дода шуда, он бо низоми мултимедиа муҷаҳҳаз шудааст. Акнун мусофирон ҳангоми парвоз метавонанд вақти худро бо шунидани мусиқӣ, филм ё бозии дӯстдошта паси сар намоянд», – гуфта мешавад дар иттилои хадамоти матбуоти ширкат.

Айни замон Ширкати «Сомон Эйр» парвози ҳавопаймоҳо аз шаҳри Душанбе ба шаҳрҳои Франкфурти Майн (Олмон), Дубай (АМА), Истамбул (Туркия), Урумчӣ (Чин), Ҷидда (Арабистони Саъудӣ), Симферопол (Украина), Маскав, Санкт-Петербург, Оренбург, Красноярск (Русия), Алмаато (Қазоқистон) ва аз шаҳри Хуҷанд ба шаҳрҳои Санкт-Петрбург, Красноярск, Ханти-Мансийск, Новосибирск, Екатеринбург, Иркутск ва Нижневартовск (Русия)-ро ба анҷом мерасонад.  

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...