Дар зарфи 9 моҳи соли равон ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон беш аз 3,2 млрд доллари ИМА-ро ташкил дод.
Бино ба маълумоти Агентии омори ҷумҳурӣ, тавозуни савдо дар ин давра манфӣ ва муодили зиёда аз 1,4 млрд. доллари ИМА шудааст. Дар ин давра Тоҷикистон бо 98 кишвари дунё, аз ҷумла 10 кишвари узви Иттиҳоди давлатҳои Мустақил ва 88 кишвари хориҷи дур муомилоти молӣ анҷом додааст.
Дар давраи сипаришудаи соли равон ҳаҷми содироти мол 951 млн. $-ро ташкил дода, дар маҷмӯъ нишондиҳандаҳои ҳаҷми воридот нисбат ба содирот 17% зиёд шудаанд.
Дар ин давра ба ҷумҳурӣ дар ҳаҷми 2 млрд. 326,9 млн. $ маҳсулот ворид гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 27,5% бештар аст.
Дар зарфи 9 моҳи соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ҳаҷми содироти нахи пахта ба миқдори 42,9%, маҳсулоти минералӣ – 3,4 баробар ва металлҳои қимматбаҳо – 2,4 баробар афзуданд.
Аз оғози сол ҳаҷми содироти маснӯъоти текстилӣ ба андозаи 74,7%, маҳсулоти ғизойӣ – 40,3%, маҳсулоти таркиботи дорои рустанӣ – 39,3% ва маҳсулоти минералӣ – 16,2% зиёд шуданд.