Ҳафтаи гузашта кишоварзони ҷумҳурӣ аз иҷрои нақшаи ҷамъоварии пахта мужда расониданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ хабар доданд, кишоварзони иТоҷикистон то имрӯз беш аз 391 ҳазор тонна ҳосили пунбадона ҷамъоварӣ намуданд, ки 100,3%-и нақшаро ташкил медиҳад. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 80 ҳазор тонна бештар аст. Соли гузашта дар Тоҷикистон 303 ҳазор тонна ҳосили пахта ҷамъоварӣ гардид.
Соли равон ғунучини ҳосили пахта авали моҳи сентябр огоз гардид. Соли гузшта бошад, бинобар номусоидии обуҳаво ғунучини ҳосил хеле дертар шурӯъ гардида буд.
Соли ҷорӣ дар 205 ҳазор гектар пунбадона кишт карда шуд. Ин нишондиҳанда соли гузашта каме зиёдтар аз 160 ҳазор гектарро ташкил медод.