spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

М. Алимардон: Мо хостори соҳиби ҳақиқии замин шудани фермерон ҳастем


Зимни кори Ҳамоиши байнулмилалӣ оид ба агробизнес дар Тоҷикистон муовини нахуствазири кишвар Муродалӣ Алимардон изҳор кард, ки айни замон фермерони тоҷик дар интихоби кишти зироат озоданд.

«Аксар вакт мегӯянд, ки ҳукуматҳои маҳаллӣ ба фаъолияти фермерон дахл мекунанд, вале зимни баргузории ислоҳоти бахши кишоварзӣ мо гурӯҳҳои корие таъсис додем, ки бо ҳукуматҳои маҳаллӣ кор карданд. Дигар чунин мушкилот вуҷуд надорад ва имрӯз фермери мо дар кишти навъи зироат озод аст», – гуфт ӯ.

М. Алимардон зикр кард, ки ҳукумати Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо созмонҳои мададрасони байнулмилалӣ баргузории ислоҳот дар бахши кишоварзиро идома медиҳад, зеро «то ҳанӯз масоили зиёде мавҷуданд, ки бояд ҳал шаванд».

«Мо кӯшиш мекунем, ки фермер соҳиби ҳақиқии замин гардад, барои онро ба сифати гарав гузоштан ҳуқуқ дошта бошад, ба мерос гузорад ва бо шартҳои бозор онро ба ҳукумат фурӯшад», – изҳор кард муовини нахуствазир.

Ба қавли М. Алимардон, ҳамчунин масоили ҳалношудаи марбут ба бимаи замин, ташкили лизинги молиявӣ ва техникӣ ва масоили маблағгузорӣ низ ҷой доранд, ки ояндаи наздик роҳи ҳалли худро пайдо мекунанд.

Дар робита ба масъалаи сармоягузорӣ ба бахши кишоварзӣ, М. Алимардон қайд кард, ки Тоҷикистон баҳри беҳбуди муҳити сармоягузорӣ санадҳои меъёрии зиёде қабул кардааст ва ба сармоягузорӣ ҳавасманд аст. «Вазифаи асосии имрӯзаи мо дар он ифода меёбад, ки ҳарчи бештар сармоягузоронро баҳри таъсиси корхонаҳои коркарди нахи пахта, меваю сабзавот, дастгирии чорводорӣ ва парандапаварӣ ҷалб намоем», – афзуд М. Алимардон.

Ҳамоиши дуюми байнулмилалии сармоягузорӣ оид ба агробизнес дар Тоҷикистон ду рӯз идома меёбад.Чорабинии мазкур дар чаҳорчӯби амалисозии лоиҳаи Бонки таҷдиду рушди Аврупо таҳти унвони «Барномаи кӯмаки молиявӣ ба бахши кишоварзии Тоҷикистон», Марҳилаи II дар ҳамдастӣ бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон, барномаи IFC TAFBEP ва дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо доир мегардад, ки онро Мактаби молия ва менеҷменти Франкфурт амалӣ месозад.

Дар кори ҳамоиш беш аз 200 нафар намояндагони ширкатҳо аз Фаронса, Британияи Кабир, Испания, Швейтсария, Юнон, Афғонистон, Тунис, Туркия, Алҷазоир, Озарбойҷон, Гурҷистон, Қазоқистон ва Русия ширкат доранд.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...