spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Буҷети давлатӣ дар зарфи 9 моҳ 4% барзиёд иҷро шуд


Ҳаҷми қисми даромади буҷети давлатии Тоҷикистон дар зарфи 9 моҳи соли равон беш аз 6 млрд. сомониро ташкил дод, ки аз нақша 4% зиёдтар аст.

Раиси молияи кишвар Сафаралӣ Наҷмиддинов имрӯз дар баррасиҳои парлумонии буҷети давлатӣ дар зарфи 9 моҳ иброз дошт, ки аз ҳисоби воридоти маблағҳои андоз ва пардохтҳои дохилӣ иҷрои буҷети давлатӣ дар ин давра 4,4% зиёдтар таъмин шудааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 720 млн. сомонӣ бештар аст. Аз ҳисоби пардохтҳои гумрукӣ ба буҷет 1,6 млн. сомонӣ зиёдтар маблағ ворид шудааст, ки 2% (37 млн. сомонӣ) аз нақша бештар мебошад.

Наҷмиддинов қайд кард, ки дар ин давра аз ҷониби Вазорати молия дар ҳаҷми умумии 1,5 млрд. сомонӣ 15 созишномаи ҷалби воситаҳо барои амалисозии лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ ба имзо расидааст, ки 1 млрд. 280 млн. (89%) сомонии он восита ҳои бурсӣ ва 310 млн. сомонӣ (20%) воситаҳои қарзианд. То ахири сол боз тасвиби чор чунин созишнома ба маблағи умумии 360 млн. сомонӣ дар назар аст.

Вазири молияи кишвар таъкид кард, ки қсми даромади буҷет дар ин давра аз рӯйи чор навъи андоз ба иҷро нарасида, ноҳияҳои Панҷи вилояти Хатлон, Мастчоҳи  вилояти Суғд ва Шоҳмансури шаҳри Душанбе иҷрои буҷети давлатиро таъмин карда натавонистанд ва дар робита ба ин, ба буҷет воситаҳои иловагӣ дар ҳаҷми 160 млн. сомонӣ ворид нагардиданд.

Ба гуфтаи Наҷмиддинов, бақияи андоз аз ҳисоби андозсупорандагони бузург дар зарфи 9 моҳи соли равон ба миқдори 73 млн. сомонӣ афзуда, айни замон ҷиҳати пайдо кардани роҳи ҳалли мушкилоти мазкур дар назди Вазорати молия Комиссияи махсус таъсис дода шудааст.

Вазири молияи ҷумҳурӣ мегӯяд, ҳаҷми қисми хароҷоти буҷети давлатӣ дар зарфи 9 моҳи соли равон 5,9 млрд сомониро ташкил додаст, ки ба 95%-и нақша баробар аст. Наҷмиддинов таъкид кард, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта маблағгузорӣ аз ҳисоби буҷет ба андозаи 1,8 млрд. сомонӣ зиёд шудааст.

«Маблағгузорӣ ба бахши иҷтимоӣ дар ҳаҷми 2,8 млрд. сомонӣ таъмин гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба миқдори 600 млн. сомонӣ (7%) зиёдтар аст», – гуфт номбурда.

Вазири молия зикр кард, ки аз 1-уми октябри соли равон ҳаҷми идрорпуливу нафақа зиёд гардида, баҳри таъмини он иловатан 14 млн. сомонӣ ҷудо гардидааст.

Наҷмиддинов ба вакилони палатаи поёнии парлумони кишвар хабар дод, ки айни замон аз ҳисоби буҷети давлатӣ сохтмони зиёда аз 200 иншооти таъиноти иҷтимоиву иқтисодӣ идома дорад. Ба қавли ӯ, дар зарфи 9 моҳи соли равон барои сохтмони чунин иншоот 1,2 млрд. сомонӣ воситаҳои буҷетӣ масраф шудаанд.

Дар ҳамин ҳол, Наҷмиддинов афзуд, ки ҳаҷми умумии қарзи хориҷии Тоҷикистон ба санаи 1-уми октябр ба 2,1 млрд. доллари ИМА расид, ки нисбат ба Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и кишвар 33,4%-ро ташкил медиҳад.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...