spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Дар Тоҷикистон беш аз 403 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ шуд


То имрӯз дар Тоҷикистон беш аз 403 ҳазор тонна ҳосили пахта ҷамъоварӣ гардид, ки 103%-и нақшаро ташкил медиҳад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, айни замон дар ҷумҳурӣ дар як рӯз ба ҳисоби миёна беш аз 1 ҳазор тонна (0,3%) пахта ҷамъоварӣ карда мешавад.

Др вилояти Хатлон ҳудуди 268 ҳазор тонна ҳосили пунбадона ҷамъоварӣ гардидааст, ки аз нақша 2,5% зиёд буда, нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта 73 ҳазор тонна бештар мебошад. Кишоварзони вилояти Суғд то имрӯз 110 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ намудаанд, ки аз нақша 5,5% зиёд буда, нисбат ба нишондиҳандаи хамин давраи соли гузашта 30 ҳазор тонна бештар аст. Дар ноҳияҳои тобеъи марказ зиёда аз 25 ҳазор тонна пахта ғунучин шудааст, ки аз нақша 3,2% зиёдтар аст.

Соли равон дар Тоҷикистон ҷамъоварии 390 ҳазор тонна ҳосили пунбадона пешбинӣ шуда буд. Аммо дар Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ мӯътақиданд, ки соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ зиёда аз 420 ҳазор тонна ҳосили пахта ҷамъоварӣ хоҳад шуд. Бори нахуст дар таърихи истиклолияти кишвар пахтакорон дар нимаи моҳи октябр нақшаи ҷамъоварии пахтаро ба иҷро мерасонанд. Маъмулан нақша моҳи ноябр ба иҷро мерасид. Ҳосили пунбадона то боридани барфи аввал ҷамъоварӣ мегардад.

Соли равон ғунучини ҳосили пахта аввали моҳи сентябр огоз гардид. Соли гузашта бошад, бинобар номусоидии обуҳаво ғунучини ҳосил хеле дертар шурӯъ гардида буд.

Соли ҷорӣ дар майдони 205 ҳазор гектар пунбадона кишт карда шуд. Ин нишондиҳанда соли гузашта каме зиёдтар аз 160 ҳазор гектарро ташкил медод.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...