Бо мақсади таъмини амнияту бехатарӣ, шурӯъ аз 30-юми октябри соли равон ҳаракати нақлиёт тавассути ағбаи Шаҳристон, ки шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои водии Зарафшонро бо минтақаи шимоли ҷумҳурӣ мепайвандад, расман баста эълон гардид.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии ВКД-и ҷумҳурӣ Муҳаммадҷон Назриев хабар дод, ҳаракати нақлиёт тавассути ағбаи Шаҳристон бинобар барфрезии шадид тайи се рӯзи ахир дар ин мавзеъ манъ карда шудааст.
Ба қавли номубрда, бинобар манъи ҳаракати нақлиёт, аз ду ҷониби ағба қатори бисёркилометраи мошинҳо ҷамъ омадаанд.
Дар ҳамин ҳол, санаи дақиқи иҷозати ҳаракати нақлиёт тавассути ағба маълум нест. «Хадамоти дахлдор ба корҳои тозакунии роҳ аз барф машгуланд ва кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки дар фурсати наздиктарин ҳаракати нақлиётро барқарор созанд», – афзуд Назриев.