Зимни нишасти матбуотӣ пас аз анҷоми гуфтушуниди Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Лаҳистон (Полша) оид ба ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ҷонибҳо изҳор доштанд, ки ҳукумати Лаҳистон ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 50 млн. доллари ИМА қарзи имтиёзнок ҷудо мекунад.
Ба гуфтаи муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Умеди Давлатзод, пас аз ҷаласаи якуми комиссияи байнихукуматӣ дар пойтахти Лаҳистон – шаҳри Варшава, ки соли гузашта доир гардид, як ширкати истеҳсоли коллекторҳои офтобӣ дар вилояти Суғд таъсис ёфта, он бо сармоягузории Лаҳистон ба фаъолият пардохт.
Ӯ зикр кард, ки миёни Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистону Агентии иттилоот ва сармоягузориҳои хориҷии Лаҳистон Ёддошти ҳамкорӣ ба мизо расид.
«Таъмини амнияти ғизоӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, рушди чорводориву моҳипарварӣ, омодасоззи мутахассисон тибқи меъёрҳои аврупоии таълимот ва ғайра аз ҷумлаи самтҳои асосиии ҳамкории тарафайн мебошанд», – гуфт Давлатзод.
Ба қавли номбурда, Лаҳистон барои панҷ лоиҳаи сармоягузорӣ дар Тоҷикистон қарзи имтиёзнок ихтисос медиҳад, ки сохтмони зербинои аввалиндараҷа дар ду минтақаи озоди иқтисодии Суғд ва Панҷ, корхонаҳои коркарди партовҳои маишӣ ва саноатӣ дар шаҳрҳои Хуҷанду Ваҳдат аз ҷумлаи онҳо буда, истеҳсоли нерӯи барқ дар ин корхонаҳо пешбинӣ мегардад.
Ба гуфтаи муовини вазири иқтисоди Лаҳистон Рафал Баняк, зимни гуфтушунид бо ҷониби Тоҷикистон масъалаҳои имконоти рушди ҳамкориҳои минбаъда бо мақсади баланд бардоштани сатҳи нишондиҳандаҳои муносибатҳои иқтисодиву табодули молу маҳсулот, ки феълан дар сатҳи паст қарор доранд, баррасӣ шуданд.
Баняк қайд кард, ки Лаҳистон аз рӯйи ҷараёни афзоиши иқтисод дар Аврупо дар мақоми аввал қарор дошта, дар соли душвори бӯҳронии соли 2009 Лаҳистон ягона кишваре миёни кишварҳои Аврупо буд, ки дар иқтисод ба натиҷаҳои мусбат ноил гардид.
Ӯ ҳамчунин таъкид сохт, ки мувофиқи гузориши СММ Лаҳистон миёни кишварҳои ҷаҳон аз рӯйи таваҷҷӯҳ ба сармоягузорӣ зинаи 6-умро ишғол менамояд.
«Ҳукумати Лаҳистон як қатор воситаву чорабиниҳоеро омода месозад, ки ба беҳбуди табодули тиҷорати дучониба мусоидат мекунад, – гуфт муовини вазири иқтисоди Лаҳистон. – Яке аз чунин чорабиниҳо пешниҳоди қарзи имтиёзнок дар ҳаҷми 50 млн. доллари ИМА аст. Чорабинии минбаъда – дастгирии содироти Лаҳистон аст. Бонки миллии Лаҳистон тавассути хатҳои қарзии бонкҳои воқеъ дар қаламрави Тоҷикистон қарз дода метавонад».
Ба қавли вай, ҳукумати Лаҳистон соҳибкорони лаҳистониеро, ки аз вазъи бозори Тоҷикистон огаҳ шуданианд, дастгирӣ хоҳад кард. «Ояндаи наздик як ҳайати иборат аз намояндагони сохторҳои давлатӣ ва соҳибкорони Лаҳистон ба Тоҷикистон сафар мекунад», – гуфт ӯ.
Номбурда ҳамчунин афзуд, Лаҳистон робитаҳои ҳамкорӣ дар минтақаро густариш доданист, аз ҷумла, тавассути Тоҷикистон хоҳони роҳандозии муносибатҳои ҳамкорӣ бо Афғонистон низ мебошад.