Дар корхонаи нави коркарди нахи пахта дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд маҳсулоти аввалини истеҳсол карда шуд. Ин корхонаи дуюмини коркарди нахи пахта дар ноҳияи мазкур мебошад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ дар вилояти Суғд хабар доданд, корхонаи ҶДММ «Понғоз» дар ноҳияи Ашт аз ҳисоби маблағгузориҳои хусусӣ сохта шудааст.
Ба иттилои манбаъ, дар корхона коркард ва истеҳсоли нахи пахта,истеҳсоли равғани пахта ва кунҷора ба роҳ монда шудааст. Айни замон дар корхона беш аз 80 тонна нахи пахта коркард шуд. Шумори коргарони корхонаи нав 14 нафарро ташкил медиҳад.
Зимнан зикр гардид, ки то ифтитоҳи корхонаи мазкур, корхонаи ҶСП «Пахтаи Ашт» фаъолият дошт, ки дар он аз оғози мавсим на камтар аз 245 тонна нахи пахта коркард шудааст.
Феълан дар вилояти Суғд шумори корхонаҳои коркарди нахи пахта ба 24 адад мерасад. Дар зарфи 9 моҳи соли равон дар онҳо зиёда аз 9984 тонна нахи пахта коркард шудааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи гузаштаи ду ҳазор тонна зиёдтар аст.