Ширкати «Газпромнефт-Тоҷикистон» шурӯъ аз моҳи декабри соли равон ба воридоти бензини навъи АИ-98 ба Тоҷикистон шурӯъ мекунад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз ширкати мазкур хабар доданд, ин навъи бензин сар аз моҳи май дар Тоҷикистон мавҷуд набуд.
«Ин навъи бензин аз корхонаи коркарди нефти Омск оварда шуда, ҳамин тариқ фурӯши ҳама навъи маҳсулоти нефтӣ дар нуқтаҳои фурӯши ширкат таъмин карда хоҳад шуд, – гуфтанд дар ширкат. – Як миқдори бензини навъи АИ-98 моҳи декабр ба Тоҷикистон ворид шуда, ин ҳаҷм барои як моҳ кофӣ аст».
Бино ба маълумоти ҶДММ «Газпромнефт-Тоҷикистон», айни замон ҷиҳати таъминот ва воридоти маводи сӯзишворӣ ба Тоҷикистон ширкат ҳеҷ мушкилие надорад.
Тибқи иттилои сомонаи ҳукумати Русия, аз 1-уми ноябр ҳаҷми боҷи содиротӣ барои бензин аз 372,2 $ то ба 353,7 $ ва боҷи содиротӣ ба маҳсулоти нафтии рӯшан аз 271,5 $ то 259,3 $ барои як тонна кам шудааст.
Аз вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ хабар доданд, ки айни замон арзиши миёнаи як литр бензини «мардумӣ»-и АИ-92 дар шаҳри Душанбе 7 сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба аввали моҳи октябр 20-30 дирам ва қимати моҳи ноябри соли гузашта 59% зиёдтар аст.
Айни замон дар бозори маводи сӯзишвории Тоҷикистон ширкатҳои зиёде фаъолият доранд, вале 6-тои онҳо дар он мавқеъи бузург доранд. Инҳо – ҶДММ «Газпромнефт-Тоҷикистон» бо касби 51,9%-и ҳиссаи бозор, ҶДММ «Нури Дилшод» – 5,3% -и ҳисса, ҶДММ «Анахито» – 3,6%-и ҳисса, ҶДММ «Озод Интернейшнл» – 4,6%-и ҳисса, ҶСП «Хонақоҳ маҳсулоти нафтӣ» – 4,4%-и ҳисса ва ҶДММ «Умед-88» – 2,3%-и ҳиссаи бозор мебошанд. Ба дигар субъектҳои хоҷагидор ва соҳибкорони инфиродӣ 27,7%-и ҳиссаи ин бозор рост меояд.