Тайи моҳҳои январ-октябри соли равон сатҳи таваррум дар бахши истеъмолии Тоҷикистон 8,9%-ро ташкил дод.
Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҷумҳурӣ, дар ин давра қимати маводи ғизоӣ ба андозаи 9,9% ва дигар маҳсулоти ғайриғизоӣ дар ҳаҷми 6,2% афзуда, афзоиши тарофаҳо ба хизматгузории пулакӣ ба аҳолӣ 9,9% зиёд шудаанд.
Суръати миёнаи моҳонаи таваррум дар бахши истеъмолӣ 0,9% (дар ҳамин давраи соли гузашта 0,8%)-ро ташкил дод.
Ҳукумати кишвар ният дошт, ки то ахири сол сатҳи таваррумро дар сатҳи 7% нигоҳ дорад, вале дар миёнаи сол он то ба 11% тасҳеҳ гардид.
Хазинаи байнулмилалии асъор пешбинӣ мекунад, ки имсол сатҳи таваррум дар Тоҷикистон 13,5%-ро ташкил дод. Соли гузашта сатҳи таваррум ба 9,8% баробар буд.
Дар ҳамин ҳол, арзиши маҷмӯи маҳсулоти сабади истеъмолӣ барои як узви оила ба ахири моҳи октябр 121 сомонӣ (25,4 $) ва дар ҳолати меъёри истеъмоли маҳсулоти серғизо 257 сомонӣ (54,1 $)-ро ташкил додааст.