Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии роҳбарияти Вазорат бо муовини Директори Ҷамъияти Ҷопон оид ба савдо бо Россия ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ROTOBO) хонум Ваҷима Мики сурат гирифт.
Тавре аз хадамоти матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ хабар доданд, дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо атрофи масъалаҳои ҷорӣ ва дурнамои ҳамкориҳои мутақобилан судманд баҳри рушди соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ ибрози назар намуданд.
Ба иттилои манбаъ, ҳамчунин дар ҷараёни мулоқот бо муовини Директори Ҷамъияти Ҷопон оид ба савдо бо Россия ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил атрофи нақшаю барномаҳо ва татбиқи лоиҳаҳо аз ҷониби созмони мазкур дар бахши хусусӣ, кишоварзӣ, омӯзиши таҷриба ва дигар самтҳои бахши иқтисодию иҷтимоӣ мубодилаи афкори судманд доир гардид.