Дар Тоҷикистон ҳаҷми коркарди нахи пахта дар дохили кишвар тадриҷан афзун мешавад.
Дар ҷаласаи Кумитаи нозирони лоиҳаи «Пешбурди тиҷорат дар Тоҷикистон» сардори Раёсати саноати сабуки Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон Дилшод Расулов дар робита ба ин масъала изҳор кард, ки дар зарфи 10 моҳи соли равон дар корхонаҳои дӯзандагиву бофандагии кишвар ба маблағи беш аз 200 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 55% зиёдтар аст. Аз нисф зиёди ин маблағ (106 млн. сомонӣ) ба саноати дӯзандагӣ рост меояд.
«Дар Тоҷикистон нисбат ба корхонаҳои дӯзандагӣ асосан ҳаҷми маҳсулоти корхонаҳои бофандагӣ бештар буд, яъне нахи пахта танҳо як марҳилаи коркардро мегузашт. Ҳар сол вазъ дар ин соҳа беҳтар гардида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти дӯзандагӣ рӯ ба афзоиш мениҳад», – гуфт вай.
Миёни корхонаҳое, ки ба афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти дӯзандагӣ мусоидат менамоянд, Расулов ширкати «Гулистон»-ро ном бурд. Ба қавли ӯ, дар зарфи 11 моҳи соли равон дар ширкати мазкур ба маблағи 11 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардида, ба афзудани нишондиҳандаҳо нисбат ба соли гузашта муваффақ шудаанд.
«Дар маҷмӯъ Тоҷикистон ҷиҳати коркарди нахи пахта ва ба маҳсулоти ниҳоӣ расонидани он имконоти бузургро дорост», – афзуд Расулов.
Ба қавли муовини вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Саидраҳмон Назриев, марҳила ба марҳила ҳаҷми коркарди нахи пахта зиёд гардида, пас аз якчанд сол ҷумҳурӣ ба коркарди пурраи ин ашёи хоми стратегӣ дар дохили кишвар қодир хоҳад буд.
«Айни замон дар Тоҷикистон дар як сол ҳудуди 100 ҳазор тонна нахи пахта коркард мешавад», – афзуд Назриев.
Акс аз www.ru.all.biz