Дар шаҳри Бусани Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ Анҷумани байналмилалии сатҳи баланд оид ба самаранокии кӯмаки берун, баргузор гардид.
Тавре аз хадамоти матбуоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ хабар доданд, дар кори Анҷуман ҳайати расмии Ҳукумати Ҷумҳирии Тоҷикистон, аз ҷумла Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Д. Саидов – Роҳбари ҳайат, Раиси Кумитаи буҷет ва молияи Маҷлиси Намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Раҷабов, Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Илолов, Муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. Соҳибова иштирок намуда, ҷиҳати дастовардҳои мамлакат вобаста ба ҳамоҳангсозии кӯмаки беруна ва иҷрои талаботҳои Декларатсияи Париж, маълумот доданд.
Бояд қайд кард, ки дар Анҷумани мазкур зиёда аз 2500 иштирокчиён аз 150 давлатҳои дунё, аз ҷумла Президенти Ҷумҳурии Кореяи Ҷануби ҷаноби Ли Мен Бак, Котиби давлатии ИМА Хиллари Клинтон, Котиби кулли Созмони Миллали Мутаҳид Пан Ги Мун, инчунин вазирону роҳбарони мақомоту ташкилотҳои давлативу ҳукуматӣ ва парламентҳои давлатҳои рӯ батараққиниҳода, ҳамзамон намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ, бахши хусусӣ ва доираҳои илмӣ иштирок доштанд.
Дар доираи Анҷуман як қатор ҷаласаҳо ва иҷлосияҳо оид ба муовизаи донишу таҷриба ва навовариҳо, инчунин чорабиниҳои иловагӣ доир гардиданд, ки ҳайати расмии ҳукуматии Ҷумҳирии Тоҷикистон дар онҳо фаъолона ширкат варзиданд.
Дар натиҷаи муҳокимарониву баррасии масъалаҳо дар Анҷуман санади ниҳоии «Шарикии Бусан оид ба ҳамкориҳои самаранок баҳри рушд» қабул гардида, он кушодашавии усули нави шарикӣ, ки заминаи муфид барои таъмини рушди иқисодии хамаҷониба ва босуръату бонизомро фароҳам месозад, инъикос менамояд. Дар санади мазкур «Рушду Тараққиёт» – ҳамчун афзалияти сиёсӣ эълон карда шудааст.
Дар доираи Анҷуман Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Д. Саидов бо роҳбарони як қатор ҳайату намояндагиҳо ва ташкилотҳои байналмилалӣ вохӯриҳо доир намуд. Аз ҷумла дар ҷараёни вохӯрӣ бо Президенти Бонки Осиёгии Рушд ҷаноби Харухико Курода, сатҳи баланди ҳамкориву шарикӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёгии Рушд қайд гардида, имкониятҳои ояндаи ҳамгироии тарафҳо мавриди муҳокима қарор гирифта шуданд. Ҳамзамон, вохӯриҳо бо Муовини Президенти Бонки Исломии Рушд ҷаноби Бирама Боубакар Сидебе ва роҳбарони дигар ҳайатҳо пурсамар анҷом ёфтанд.
Дар баробари ин, дар доираи сафари худ Раиси Кумита – Д. Саидов ҷиҳати ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарони як зумра корхонаҳои хориҷӣ мулоқоту сӯҳбатҳо ороста, оид ба фазои сармоягузории мусоиди Тоҷикистон, имконияту иқтидорҳои мамлакат ва ғ. маълумотҳои зарурӣ пешниҳод намуд.