spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Ҷануби Тоҷикистон то ҳол аз роҳи оҳан ҷудост


Мақомоти раҳбарии Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» то ҳанӯз дар бораи мӯҳлати барқарор намудани пули роҳи оҳан дар мавзеи Ғалаба-Амузанги Ӯзбекистон, ки аз ҷониби «афроди номаълум» тарконида шудааст, маълумоти дақиқ дастрас карда наметавонанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон хабар доданд, чанде қабл дар ниҳояти кор мақомоти раҳбарии корхонаи «Ӯзбекистон темир йӯллари» ба барқияҳои сершумори ҳамтоҳои тоҷики худ посух гуфтааст, лекин дар бораи реҷаи корҳо ва мӯҳлати барқарор намудани ҳаракати қатора тавассути ин қитъаи роҳи оҳан ҳеҷ маълумоте надодааст.

«Дар барқия танҳо хабар дода мешавад, ки айни замон аз рӯйи ин далел чорабиниҳои тафтишотӣ доир гардида, сабабҳои таркиш муайян карда мешаванд», – гуфт манбаъ.

Ёдрас мекунем, ки 16-уми ноябри соли равон дар қитъаи роҳи оҳан дар мавзеи Ғалаба-Амузанг такягоҳҳои пули роҳи оҳан хароб гардида, дар натиҷа ҳаракати қатораҳо тавассути ин масир қатъ гардид.

Ин қитъаи роҳи оҳани кишвари ҳамсоя қитъаи роҳи оҳани вилояти Хатлони Тоҷикистонро бо нуқтаҳои берун аз қаламрави Тоҷикистон мепайвандад.

Бино ба маълумоти манбаъ, айни замон дар қитъаи роҳи оҳани мавзеи Ғалаба-Амузанги Ӯзбекистон ҳудуди 350 адад вагонҳои Тоҷикистон, ки ба минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ раҳсипор буданд, мутаваққиф шудаанд. Ин вагонҳо дорои маводи сӯзишворӣ, орд, гандум ва дигар маҳсулоти ниёзи аввалия мебошанд.

Қаблан муовини аввали раиси КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Владимир Собкалов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дода буд, ки «бо назардошти имконоти корхонаи «Ӯзбекистон темир йӯллари» барои барқарор кардани чунин пул як шабонарӯз кофист».

Бино ба маълумоти ОИ «Фергана», баландии ин пул аз сатҳи об 8 метр ва дарозии пул 25 метрро ташкил медиҳад. Аз болои ин пул як қатор роҳи оҳан мегузарад.

Ба қавли Собкалов, мақомоти раҳбарии КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ҳанӯз 17-уми ноябр ба ҳамтоҳои ӯзбеки худ ҳама гуна кӯмаки ройгон барои дар фурсати зудтарин барқарор кардани пули роҳи оҳанро пешниҳод кардааст, вале ба он ҳеҷ посухе нагирифтааст.

Собкалов мегӯяд, мақомоти раҳбарии корхона пешниҳоди ҳамтоҳои ӯзбекро қабул крда, интиқоли мусофиронро тавассути шаҳри Душанбе ба роҳ мондааст, лекин ба қабули вагонҳои боркаш дар қисмати марказии ҷумҳурӣ ва сипас интиқоли онҳо ба ҷануб қатъиян розӣ нест, зеро он хароҷоти зиёдеро тақозо мекунад.

Гузашта аз ин, изҳор медорад ӯ, ба тағйири нуқтаҳои гузаштан ба роҳи дигар танҳо борфиристонандагон ҳуқуқ доранд. Айни замон онҳо берун аз қаламрави Тоҷикистон қарор доранд. Айни замон ба борҳои таъиноти қисмати роҳи оҳани Хатлон манъи конвессионӣ эълон шудааст.

Дар ҳамин ҳол, миёни маҳсулоти вагонҳое, ки дар Ӯзбекистон бозистодаанд, маҳсулоти башардӯстонаи ғизоӣ мавҷуд аст, ки барои қишри бештар осебпазири аҳолии вилояти Хатлон таъин шудаанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» директори кишварии Барномаи ҷаҳонии ғизо дар ҶТ Алзира Ферейра хабар дод, айни замон дар қаламрави Ӯзбекистон 23 адад вагони дорои маҳсулоти ғизоӣ мутаваққифанд, ки онро созмон мебоист ба аҳолии камбизоат ва толибилмони макотиби вилояти Хатлон тақсим мекард.

«Дар он ҷо 18 вагони дорои орд, 4 вагон бо равғани рустанӣ ва 1 вагони дорои нахӯд боздошта шудаанд, ки арзиши умумиашон тақрибан 1 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад», – гуфт ӯ.

А.Ферейра таъкид кард, ки дар сурати ба Душанбе интиқол додан ва сипас тавассути автомобилҳо ба минтақаи ҷануб кашонидани маҳсулоти мазкур 39 ҳазор доллари ИМА хароҷоти иловагӣ зарур аст. «Айни замон мо дар бораи хароҷот андешае надорем. Мо аз он нигаронем, ки эҳтиёҷмандон саривақт кӯмаки моро дастрас карда наметавонанд ва мо маҷбур шудем, ки меъёри ғизои толибилмони макотибро камтар наморем», – мегӯяд вай.

Ба гуфтаи А.Ферейра, созмон ҷиҳати рӯшанӣ андохтан ба масъала ба тамоми мақомоти дахлдор муроҷиат кардааст. «Дар КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ба мо гуфтанд, ки масъала дар фурсатҳои наздиктарин ҳал мешавад, вале дар бораи мӯҳлати мушаххаси он маълумоте надоданд», – гуфт роҳбари Барномаи ҷаҳонии ғизо дар ҶТ.

А.Ферейра ҳамчунин зикр кард, ки боррасони асосӣ ба созмон – Русия низ дар пайи ҳалли мушкилот аст. «Онҳо низ аз мақомоти раҳбарии роҳи оҳани Ӯзбекистон посухи мушаххасе гирифта наметавонанд. Худи мо бошем, мустақиман ба онҳо муроҷиат карда наметавонем, зеро то расидани бор ба қаламрави Тоҷикистон, он дар ихтиёри таъминкунанда, яъне боррасон аст», – афзуд Алзира Ферейра.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...