Дар Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Протоколи ҳамкорӣ оид ба омӯзиши масъалаҳои сохта ба истифода додани корхонаи истеҳсоли таҷҳизот гидроэнергетикӣ, гидромеханикӣ ва электромеханикӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид.
Тавре аз хадамоти матбуоти Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ хабар доданд, дар ин робита Гурӯҳи «ЕРА»-и Ҷумҳурии Туркия масъалаи имконияти бунёди корхонаҳоро оид ба сохтмони таҷҳизоти барқӣ энергетикӣ, таъсиси корхонаҳои алоҳида ва муштарак, тайёр кардани мутахассисон мавриди омӯзиш қарор хоҳад дод.
Зимнан зикр гардид, ки Протоколи ҳамкориро муовини Вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрулло Маҳмадуллоев ва Директори Гурӯҳи «ЕРА»-и Ҷумҳурии Туркия Алпай Унал ба имзо расониданд.