Ахири ҳафтаи гузашта дар шаҳри Душанбе маросими муаррифии намояндагии Маркази савдои Тайван (TAITRA) доир гардид
.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон (ПСС ҶТ) хабар доданд, дар маросими мазкур намояндагони ширкатҳои гуногун, корхонаву ташкилот ва тоҷирони бозорҳо ширкат варзиданд.
Муовини раии ПСС ҶТ Асаналӣ Карамалиев ба маросими муаррифӣ ҳусни ифтитоҳ бахшида, қайд кард, ки яке аз вазифаҳои асосии Палата ҷустуҷӯйи шарикон барои аъзои ПСС ва ташкили ҳайатҳо барои боздид аз намоишгоҳҳо дар хориҷи кишвар аст.
Намояндаи TAITRA Тоти Раисова ба ҳозирин маълумот дод, ки дафтарҳои кории Маркази савдои Тайван дар 55 кишвари дунё фаъолият доранд. «Аз ҷумла, дар шаҳри Алмаато муддати ҳашт сол аст, ки намояндагии Марказ амал мекунад ва вазифаи асосии он аз муосидат ба тоҷирони Қазоқистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ ҷиҳати иштирок дар намоишгоҳу ярмаркаҳои ҳамасола дар шаҳри Тайпейи Тайван иборат аст. Барои иштирокчиёни намоишгоҳҳо мулоқотҳои тиҷоратӣ, гуфтушунидҳои корӣ ва боздид аз корхонаҳо ташкил карда мешаванд», – гуфт Раисова ва таъкид сохт, ки намояндагӣ хароҷоти сафар ва таъмин бо тарҷумонро ба ӯҳдаи худ мегирад.
Зимни мулоқот намояндагони ширкатҳои тоҷикистонӣ ба намоишгоҳҳои мушаххас дар бахшҳои автомобил, саноати дӯзандагиву ресандагӣ, электроника ва ғайра таваҷҷӯҳ зоҳир намуданд. Масъалаҳои транзити молу маҳсулот тавассути давлатҳои Чин, Корея ва дигар кишварҳо низ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Раисова изҳор кард, ки ҳамасола дар шаҳри Алмаато ҳамоишҳои тиҷоратӣ бо намояндагони ширкатҳои тайванӣ баргузор мешаванд ва соҳибкорони тоҷикро ба иштирок дар ҳамоиши навбатӣ даъват кард.