Чанде қабл дар мулоқоти вазири кишоварзии Тоҷикистон Қосим Қосимов бо сафири Исроил Хилел Нюман масоили вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Исроил дар бахши кишоварзӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар мулоқот ҷонибҳо ба масоили истифодаи тухмии хушсифат, таъсиси корхонаҳои муштарак ва ҷалби мутахассисон ба омӯзиш дар курсҳои миёнамӯҳлат ва кӯтоҳмӯҳлат таваҷҷуҳ зоҳир сохтанд.
Дипломати исроилӣ вазири кишоварзии Тоҷикистонро ба намоишгоҳи соҳаи кишоварзӣ дар Исроил, ки дар он техника ва технологияи пешқадами кишоварзӣ ба маърази тамошо гузошта мешавад, даъват кард.
Х.Нюман хотиррасон намуд, ки ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Исроил дар бахши кишоварзӣ соли 2009 дар соҳаҳои рустанипарварӣ, чорводорӣ ва омодасозии кадрҳо оғоз гардида буд.
Сафир афзуд, айни замон ҳамкориҳо дар чаҳорчӯби лоиҳаҳои Агентии Шветсия оид ба ҳамкории байнулмилалӣ (SIDA) ва ҳамчунин тавассути ширкати исроилии «Agridera» дар ҳоли рушд қарор доранд.